вода

Мушкили беобӣ кай ҳал мешавад?

Ба директори КВД «Обу корези Душанбе» Файзалӣ Раҳмонзода

Мушкилоти пайваста қатъ гардидани оби нӯшокӣ дар биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Испечак-2, Зарафшон кай ҳал мешуда бошад?

Дар ин маҳаллаҳо, шабона аз соати 12 то 5-и ҳар рӯз  об қатъ . Ба саволи чаро операторони паси телефони ба қавле «доимо фаъол» ҷавоб гуфта наметавонанд. Гоҳ садама мегӯянду гоҳ саривақт пур карда натавонистани обанборҳои захиравиро баҳона пеш меоранд.

Телефонҳои шахсони мансабдори «Обу корез»-ро аз амалгарон дастрас карда бошем ҳам, бенатиҷа, чунки онҳо доимо «хомӯш» ё «аз минтақа берунанд», зеро худ бо об таъминанду парвои ташналабонро надоранд.

Ин хунукназарӣ нисбати сокинони шаҳр то ба кай давом мекарда бошад? Вақти он расидааст, ки масъулон аз хоби гарон хеста, мушкили мардумро осон намоянд!

Ҳаётулло ХОЛОВ, сокини Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *