“Ради галочки”? Дар боби як қарори духӯра дар вилояти Суғд

Имсол ҳавои гарму диму дамгир барвақттар фаро расид. Шояд ҳамин боис гардид, ки акнун баъзе тасмимҳои булаҷабу “дамгиркунанда” ба мушоҳида расида истодаанд.

Чанд рӯз пеш овоза шуд, ки сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд бо судури як қарор фурӯши чанд навъи маҳсулотро бо назардошти муҳлати нобудшавии онҳо дар қаламрави вилоят манъ кардааст. Дар ин қарор гуфта шудааст, ки “аз 17-уми май то 1-уми сентябри соли 2023 фурӯши маҳсулоти зуднобудшаванда, ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнагишикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ манъ карда шавад”. Мақсади асосии ин тасмим пешгирии бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ва заҳролудшавӣ гуфта шудааст.

Аз ин қарори духӯра кӣ чӣ хулоса баровард? Дигаронро намедонам, вале банда ҳеҷ сарфаҳм нарафтам. Нафаҳмидам, ки фурӯши маҳсулоти аллакай санҷидашудаи сертификату хулоса надошта манъ карда шуда бошад, ё ин қарори духӯра ҳамту, ба таври умумӣ, аз ноилоҷӣ, “ради галочки” бароварда шудааст!? Агар ҳа, пас ҳамон мақоли “ба ҷойи салла калла овардан” ҳоким шудаву маҳсулоти бесертификат аз зери назорат дур мондан мегиранд. Яъне бо чунин қарори “сарамдилам” наметавон аз ворид шудани маҳсулоти бесифату ғайрисанитарӣ ба бозор пешгирӣ кард.  

Дигар бадии кор ин ки, қарори духӯраи мазкур метавонад барои фасодкориҳои зиёде замина ба вуҷуд орад.

Ба ҳамин хотир, ин қарор бояд таъҷилан лағв карда ва бо каме тағйир, яъне мушаххасан дар самти санҷиши маҳсулоти мавриди назар қарори нав қабул шавад. Ногуфта намонад, ки дар ин самт бояд “Тоҷикстандарт” ҳам аз пайи кор ва фаъол бошад. Дар ин сурат, сарусадову бонгу изтиробҳои мавсимӣ оид ба нақзи ҳуқуқи фурӯшандаҳову истеъмолгарон камтар ба гӯш хоҳад расид.

Ё не?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *