Леонел Месси

Резаахбор: Аз Чемпионати якуми Осиё то шартномаи нави Месси

Аз 25 то 30-юми июн дар шаҳри Душанбе Чемпионати якуми Осиё дар намуди куштигирӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарони 30 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Куштии миллии тоҷикӣ аз моҳи декабри соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифт.

***

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар оғози мусобиқаи CAFA Nations Cup-2023 дар Тошканд бо тими миллии Туркманисто мусовӣ (1:1) кард. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голро Нуриддин Ҳамроқулов зад. Тоҷикистон дар гурӯҳи А боз ду бозии дигар бо дастаҳои Умон ва Ўзбекистон дорад.

***

Футболбози маъруфи аргентинӣ Леонел Месси дастаи “ПСЖ” аз Фаронсаро тарк кард. Ў ҳамчун футболбози озод бо дастаи «Интер Майами» аз Амрико, ки сармураббии ин даста Дэвид Бекхэми маъруф аз Бритониё аст, шартнома баст. Дастаҳои «Барселона» аз Испания ва «Ал-Ҳилол» аз Арабистони Саудӣ мехостанд Мессиро ба даст оранд, аммо Лео «Интер Майами»-ро интихоб кард. Шояд ў аз ин даста ба тариқи иҷора ба «Барселона» баргардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *