“Дарё” аз озодии Зоҳид Юлдошев дар Ӯзбекистон хабар дод
Зоҳид Юлдошев, бародари калонии асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, баъди 23 сол аз маҳбас озод шудааст. Зоҳир Юлдошев ҳоло дар Намангон нонвойхона кушода, азми таъсиси як коргоҳи қаннодӣ доштааст.
Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ аз сиёсати раисиҷумҳури кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавсиф карда, гуфтааст, ки «Юртбошӣ ғами халқро мехӯрад.”
Сомонаи ӯзбекии «Дарё” бо нашри як гузориш ва сӯҳбати видеоии Зоҳир Юлдошев хабар дод, ки бародари калонии Тоҳир Юлдош, асосгузори созмони ифротӣ ва дар Тоҷикистону Ӯбекистон ва чандин кишвари дигари дунё мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, моҳи октябри соли 2017, баъди 23 сол аз зиндон озод шудааст.
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки рӯзи 9 январ дар маҳаллаи Амир Темури шаҳри Намангон ҳисоботи нозири милиса баррасӣ шуд. Намояндаи милиса гуфтааст, ки соли гузашта дар ин маҳаллаи аҳолиаш 2300 нафар ҳамагӣ ду ҷиноят содир шудааст, ки назар ба соли 2016 камтар аст.
Дар ин ҷаласа Зоҳид Юлдошев, бародари Тоҳир Юлдош низ ширкат доштааст.
Зоҳид Юлдошев дар сӯҳбат бо хабарнигори «Дарё” Темурмалик Воҳидов гуфт, ки ӯро моҳи октябр, баъди адои ҳукмаш аз маҳбас озод кардаанд: «Ончӣ ки дар ин 23 сол гузашт, ҳамааш пушти сар шуд. Чанде пеш ман паёми чорунимсоатаи президентро то охир гӯш кардам. Юртбошӣ (Сарвари давлат) ғами халқро мехӯрад, сиёсате ки пеш мебарад, корҳое, ки анҷом медиҳад, ба халқ маъқул аст. Вақте омадааст, ки чашмони одамони роҳгумкардае, ба мисли ман, кушода шаванд.”
Зоҳид Юлдошев мегӯяд, ки баъди озод шуданаш ба ҳаёти осоишта баргаштааст: «Ман як нонвойхона кушодам, ки ҳоло онҷо кор мекунам. Дар оянда дар фикри сохтани як коргоҳи қаннодӣ ҳастам. Аз идораи ҳоким омаданд ва бароям ҷой пешниҳод карданд. Мақсад ин аст, ки ман ба қатори мардуми оддӣ баргардам ва фоидаам ба халқ расад.”
Тоҳир Юлдош дар ибтидои солҳои 90 дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон – вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон – ҳамроҳ бо Ҷумъабойи Намангонӣ созмонҳои тундрави мазҳабии «Адолат ӯюшмаси» ва «Ислом Лашкарларӣ»-ро ташкил дод, ки аз нуфузи густардае дар ин қаламрав бархӯрдор буданд. Тоҳир Юлдош ва Ҷумъабойи Намангонӣ дар он даврон ҳатто як навъ ҳокимияти алтернативӣ дар водии Фарғона дониста мешуданд.
Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов билохира тавонист гурӯҳҳои ифротиро аз ин се вилоят биронад ва Тоҳири Юлдошу Ҷумъабойи Намангонӣ бо тарафдорони худ дар соли 1992 ба Тоҷикистон паноҳ оварда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 5 сол дар ҳайъати Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик ҷангиданд.
Тоҳири Юлдош ва Ҷумъабойи Намангонӣ соли 1996 тарафдорони худро таҳти парчами созмони наве бо номи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон муттаҳид карданд.
Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон соли 1996 тавассути вилояти Сурхондарё ва соли 2000 аз тариқи Ӯшу Бодканди Қирғизистон талош карданд, ки ба Ӯзбекистон баргарданд. Вале ҳарду дафъа ба муқовимати мусаллаҳона рӯбарӯ шуда, соли 2000 таҳти фишори ҳукумати Тоҷикистон ба Афғонистон фирор карданд.
Соли 2001, дар пайи шурӯи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон Ҷумъабойи Намагонӣ ва даҳҳо узви дигари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон кушта шуданд ва нирӯҳои боқимондаи он бо роҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. Тоҳири ,лдош соли 2007 дар натиҷаи ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд.
Бино ба хабарҳои расида, ҳоло насли нави ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон таҳти раҳбарии ки фарзандони Ҷумъабойи Намангонӣ ва Тоҳир Юлдош – асосгузорони Ҳаракати исломии Узбекистон низ дар вилояти Ҷузҷон пайдо шуда, аз байни узбекҳои сокини ин вилоят барои созмони тундрави ДОИШ («Давлати исломӣ”) аскар ҷамъ мекунанд. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар соли 2015 ба «халифа”-и худхондаи ДОИШ Абубакри Бағдодӣ байъат супурд. Дар пайи ҷунбиши Толибон онҳоро ба «кӯрнамакӣ” айбдор карданд ва даҳҳо ҷангии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, аз ҷумла охирин раҳбарашро бо ҷурми «хиёнат” куштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ