Олими тоҷик сазовори мукофоти шикорчиён шуд

Сокинони маҳалҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон шикорро чун воситаи фароҳамории шароити мусоид барои мавҷудияти худ истифода намуда,  ҳифзи ҷонварони ваҳширо олитарин манфиати шахсиашон муаррифӣ менамоянд.

Ин суханонро олими ҷавони тоҷик — Халил Каримов зимни маросими супоридани Ҷоизаи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстик изҳор намуд.

Номбурда, ки шикоршинос ва муҳофизи ҷонварони нодир  мебошад, нахустин  намояндаи давлатҳои ИДМ аст, ки соли 2018 Ҷоизаи бонуфузи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстикро сазовор гардид.

Маросими супоридани ҷоизаи мазкур 6 январи соли равон дар шаҳри Далласи иёлати Техаси ИМА дар Анҷумани солонаи шикорчиён ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Ин ҷоиза ҳар сол ба олимоне дода мешавад, ки дар ҳифзи олами ҳайвонот саҳми намоён гузоштаанд.

«Даллас Сафари Клуб» Халил Каримови 28–соларо аз он хотир шикорчии тахассусӣ ва ҳифзкунандаи табиати ваҳшӣ номид, ки номбурда дар беҳтар намудани ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон фаъолияти назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, саҳми босазои Халил Каримов дар рушду тараққии сайёҳии шикорӣ дар манотиқи кӯҳсори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизи зикр мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат дошта, зикр намуд, ки сазовори ҷоизаи мероси шикорчиён гардидани олими тоҷик барои давлати мо ифтихор аст ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сазовори чунин ҷоиза гардидан фоли нек мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *