Дарёфти мақтулон дар роҳи Душанбе Хуҷанд идома дорад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар натиҷаи резиши тарма дар рӯзи 30-уми январ як афсари милиса низ зери барф монда, ҷон додааст ва ду ҳамроҳашро зинда берун овардаанд.

Афсарони милиса аз Вазорати корҳои дохилӣ масъули посбонии нақби Истиқлол будаанд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 30-уми январ дар маҳалли ҳодиса гуфтаанд, ки шаби 29-уми январ тарма дидбонгоҳи афсаронро зер карда ва ба ҷарӣ андохтааст. Афсарон масъули назорати ҳаракати нақлиёт дар ин нақби муҳими Тоҷикистон ҳастанд.Ба қавли онҳо, баъди фалокат, як ҳайат аз Вазорати корҳои  дохилӣ бо роҳбарии Абдулло Навҷувонов, муовини вазир ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Ҷасади афсар, ки ҳуввияташро эълон накардаанд, ба Душанбе оварда шудааст ва ба ҷони ду маъмури милисаи дигар хатар таҳдид намекунад.Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Хуҷанд идома дорад, ки аз рӯзи 28-уми январ бар асари резиши тарма дар даҳҳо қисмати он баста аст. Дар инҷо бар асари тарма, мошинҳои зиёде дармонданд ва маҳз дар ин роҳ 6 нафар зери тарма монда ҷон доданд ва мақомот мегӯянд, ки се нафари дигар бенишон аст.Бинобар баландии барф, амалиёти наҷот дар ин ҷо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Барои наҷоти мардуми дармонда дар байни тарма, тамоми ҳайати наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар шудаанд. Аз мардум хоста шудааст, ки то замони боз шудани роҳ, ки санаи дақиқаш маълум нест, аз сафар ба ин самт худдорӣ кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *