Вазири нақлиёт: Роҳсозӣ осон,  роҳнигоҳдорӣ мушкил

Вазири нави нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар нишасти матбуотӣ,ки дар бинои вазорат баргузор гардид, ба саволҳои хабарнигори tajikistantimes дар мариди фоҷиае,ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сурат гирифт, ҷавоб дода истода гуфт,ки ҳоло дар ин шоҳроҳ корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва тозакунии роҳ бо истифода аз миқдори зиёди техника аз ду тараф ҷараён дорад.

Ӯ дар рафти сӯҳбат гуфт, ки сохтани роҳҳо осонтар аст, нисбат ба нигоҳдории онҳо. Худоёрзода гуфт, ки ҳоло дар бораи бехатарии ин шоҳроҳ дар вазорат андеша доранд ва минбаъд гурӯҳи кории махсус барои дида баромадани ҳолати бехатарии он ва гирифтани тасмим дар мавриди пурра бехатар намудани шоҳроҳи Душанбе –Чанок ташкил карда шудааст. Ин гурӯҳ ҷойҳои аз ҷиҳати фаромадани тарма ва санг хатарнокро муоини намуда, сминбаъд барои бартараф намудани он хулосаи худро пешниҳод менамояд. Тавре,ки қаблан хабар дода будем, шаби 28 ба 29 январ  дар натиҷаи фаромадани тарма дар ин шоҳроҳ камаш шаш нафар ҷон бохтанд ва ду тани дигар нопадид гардиданд.Тафсилоти ин фоҷиаро дар шумораи навбатии “Тоҷикистон”  мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *