Дастаҳо барои 10 ҳазор сомонӣ мубориза мебаранд
Аз 19-уми июл дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқа 12 даста дар се гурӯҳ бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва «Сайёҳ» шомил шудаанд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Рахш-Таксӣ», «Зет-Мобайл», «Амонатбонк» ва «Олуча-Таксӣ» мубориза мебаранд. Гурӯҳи «С» аз «Ориёнбонк», «Мустафо», «Бойгонӣ» ва «Соро компания-2» иборат аст.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар марҳилаи плей-офф рақобатҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ