Ҷавонзани тоҷикро зада-зада куштанд

Дар Ноҳияи марказии шаҳри Санкт-Петербурги Русия хешовандон аз бенишон шудани як ҷавонзани 30-солаи зодаи Тоҷикистон дар ташвиш афтода, шабона ба хонаи ӯ дар кӯчаи 10-ум Советская омадаанд ва мутаассифона, ҷасади ӯро бо осори зиёди латукӯб пайдо кардаанд.

Пулис ба нашрияи маҳаллии “Нева Тудей” хабар додааст, ки ҷасадро бо аломатҳои зиёди латукӯб, аз ҷумла варамҳо ва омочи хун, ба морг фиристодаанд ва ташхис бояд сабаби марги ин ҷавонзанро маълум кунад.

Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, як ҳамшаҳрии ин ҷавонзанро, ки 37 сол дорад, бо гумони даст доштан дар латукӯб ва куштани ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ба ӯ барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *