Дастаҳои русӣ аз ширкат дар мусобиқоти аврупоӣ маҳрум шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Русия ва клубҳои футболи ин кишвар аз ширкат дар мусобиқоти аврупоӣ дар мавсими 2022/23 маҳрум шуданд.
UEFA ҳамчунин дархости Русия барои баргузории Чемпионати Аврупо дар соли 2028 ё 2032-ро рад карда, онро беэътибор эълон кард.
Дастаи мунтахаби футболи Русия инчунин аз Лигаи миллатҳо хориҷ карда шуд.
Иттиҳодияи футболи Русия дар робита ба тасмимҳои UEFA изҳороти расмӣ нашр кард.
Дар изҳорот гуфта мешавад: Иттиҳодияи футболи Русия бо қарорҳои Кумитаи иҷроияи UEFA комилан розӣ нест. Созмони футболи Русия ҳимояи манфиатҳои худро дар парвандаҳое, ки аллакай дар Суди ҳакамии варзиш дар Лозанна баррасӣ мешаванд, идома медиҳад ва ҳуқуқи пешниҳоди дархостҳои навро нигоҳ медорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ