Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бе медал монд

Дар Ҳанҷжоуи Чин чаҳорумин Бозиҳои паралимпии осиёи ба поён расид. Дастаи Тоҷикистон боз бе медал монд.

Тоҷикистон ба ин бозиҳо 9 варзишгар фиристод, ки инҳо Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рўи миз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (шатранҷ), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (дучархарони) буданд.

Дар ин бозиҳо дар маҷмуъ ҳудуди 3000 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон дар 22 намуди варзиш ширкат доштанд. Ва 468 варзишгар ҳадди ақал як медал ба даст оварда, 21 рекорди нави ҷаҳони, 72 рекорди нави Осиё ва 283 рекорди бозиҳоро гузоштанд.

Чин аз соли 2010 барои чаҳорумин бор пайиҳам дар ҳисоби медалҳо дар ҷои аввал қарор гирифт. Эрон дар ҳисоби медалҳо дар ҷойи дуюм ва Ҷопон, ки соли 2026 мизбони Бозиҳои навбатии паралимпики осиёи хоҳад шуд, сеюм шуданд.

Дастаи Тоҷикистон дар таърихи худ дар Бозиҳои паралимпии осиёи ҳеҷ гоҳ медал ба даст наовардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *