“Забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ”

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора аз раёсати АМИТ хабар медиҳанд.

Дар конференсия олимони русшинос, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи забони русиро дар илми муосир баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар мамлакатҳои иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст.

Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *