Дастаи Тоҷикистон бо Урдун бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии даври панҷуми даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” бо тими миллии футболи Урдун нахустин тамрини худро дар Аммон анҷом дод.

Даста баъд аз машқу тамринҳо дар Давҳаи Қатар ба Аммони Урдун расид ва дар ҳайати пурра тамринҳои пеш аз бозиро гузаронд. Ба даста Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷўрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон) ва Фатҳулло Олимзода (Атирау, Қазоқистон) пайвастанд.

Вохўрии дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон рўзи панҷшанбеи шоми 6-уми июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *