Дастгир шудани 5 зердасти наркобарони тоҷик “Рома Босс” дар Абхозистон

ВКД-и ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон (Абхазия) дар рӯзҳои охир аз боздошти чор зодаи Тоҷикистон ва як ҷавонзани рус дар шаҳрҳои Сухуми ва Питсунда бо ҷурми қочоқу фурӯши маводи мухаддир хабар дод. Ҳамаи онҳо барои як наркобарони тоҷикистонӣ бо лақаби “Рома Босс” кор мекардаанд.

Рӯзи 21-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Сухуми сокини Тоҷикистон Бобоназаров Шуҳрат Комилович, с.т. 2000-ро дастгир ва аз вай 17 баста маводи мухаддири навъи метадонро пайдо карданд. Бобоназаров баёнот дод, ки барои наркобароне бо лақаби “Рома Босс” кор мекард ва маводи мухаддирро аз шаҳри Краснодари Русия гирифта, ба Сухуми меовард ва дар суроғаҳое, ки нишон дода буданд, пинҳон мекард.

Рӯзи 25-уми ноябр Aпсуа ТВ, шабакаи расмии ТВ Абхозистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як зани шаҳрванди Русия хабар дод. Бар асоси маводи парванда, Исоев Хусрав Умаралиевич, с.т. 1998, тибқи маслиҳати пешакӣ бо Сафаров Наврӯзҷон Сафарович, с.т. 1994 ва шаҳрванди Русия Мавсумова Ангелина Владимировна, с.т. 2000, бо супориши ҳамон наркобарон бо лақаби “Рома Босс” маводи мухаддир оварда, дар пинҳонгоҳҳо дар шаҳри Питсунда пинҳон мекарданд. Ангелина Мавсума дар баёноташ гуфт: “Мо бояд барои ҳар закладка 2 ҳазор рубл мегирифтем. Мо маводи мухаддирро дар пинҳонгоҳҳо гузошта, сипас координатаҳояшро бо Ватсап ба нафаре мефиристодем, ки ман шахсан ӯро намешиносам, Хусрав Исоев ӯро мешинохт. Ин одам дар телефонҳои мо бо номи “Рома Босс” сабт шуда, рақамаш аз Тоҷикистон аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *