Дастгиршавии 9 тоҷик дар марз бо Ӯзбекистон
Марзбонони Узбекистон мегӯянд, танҳо дар моҳи март дар мaрзҳои ин кишвар 161 нафарро бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ дастгир кардаанд. 9 нафари онҳо дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Кумитаи ҳифзи сарҳадҳои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон бо ҷамъбасти фаъолияташ дар моҳи март хабар дод, ки дар зарфи моҳи гузашта дар тӯли 6221 километр марзҳои ин кишвар 161 марзшикан дастгир шудаанд. 73 нафари онҳо дар марз бо Қирғизистон, 60 нафар дар марз бо Қазоқистон, 16 нафар дар марз бо Афғонистон (асосан онҳое ки дар ҷазираҳои Амӯдарё машғули ҷамъоварии решаи камол будаанд) ва 3 тани дигар дар марз бо Туркманистон боздошт шудаанд.
Бино ба гузориши марзбонҳои узбек, дар моҳи март 9 нафар бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон ба даст афтодаанд.
Ҳамчунин моҳи март дар ин марз аз фаъолияти шабакаи ҷиноие, ки машғули қочоқи маҳсулоти тамоку буд, ҷилавгирӣ шудааст. Марзбонҳои Узбекистон мегӯянд, аз аъзои ин шабака ба ҳангоми кӯшиши қочоқи маҳсулоти тамоку аз Тоҷикистон миқдори бузурги қуттиҳои сигор ба маблағи беш аз 669 миллион сӯм, муодили тақрибан 190 ҳазор доллар бо қурби расмӣ, мусодира кардаанд.
Дар бораи сарнавишти 9 нафари бо иттиҳоми марзшиканӣ боздоштшуда дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон дар гузориши расмии Тошканд чизе гуфта нашудааст.
Маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон баъди боздошт дар марз бо Узбекистон моҳҳо ва ҳатто солҳоро дар боздоштгоҳҳои он кишвар пушти сар мекарданд ва раҳоии ҳар нафари онҳо дар пайи музокироти тӯлонӣ муяссар мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ