Лайф: Як муҳоҷири тоҷик дар садамаи Ленинград ҷон ба ҳақ супоридааст.

Торнамои “Лайф” феҳрасти афроди дар пайи як  садамаи нақлиёт маҷруҳшударо нашр кардааст.

Дар ин рӯйхат Бардиев П., соли таваллудаш 1965 шаҳрванди Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, 5 нафари онҳо шаҳрванди Узбакистон, 4 табааи Қирғизистон ва боқимонда шаҳрвандони Русияву Украина ҳастанд.

Миёни 18 маҷруҳи садамаи мусофиркаши хурд, ки ба Камаз дар вилояти Ленингради Русия бархӯрдааст, як шаҳрванди Тоҷикистон низ ном бурда шудааст. Ин ҳодиса 14 апрел дар километри 81-и шоҳроҳи Павлово—Мга—Любан— Оредеж—Луга ба вуқӯъ пайваст. Дохили мусофиркаш аксаран шаҳрвандони Осиёи Марказӣ қарор доштаанд. Эҳтимол меравад онҳо дар ширкати навсозии роҳҳо кор мекардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *