Президент савори трамвай шаҳрро давр зад

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 15 апрел бори нахуст трамвай мавриди истифода қарор гирифт. Телевизионҳои расмии Ӯзбекистон дар як гузориши вижа нишон доданд, ки чи гуна президент Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи «фаъолони маҳаллӣ» дар дохили трамвай суҳбат карда, шаҳрро давр мезанад.
Ин хатти ҳаракати трамвай бо ташаббуси худи Мирзиёев боз шуд. Ӯ ҳини боздидаш аз Самарқанд дар моҳи октябри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки барои рушди шабакаи нақлиётии шаҳр хатти трамвай боз карда шавад.

«Баъди шаш моҳ аз сафари президент дар шаҳри Самарқанд хатти трамвай боз шуд ва Шавкат Мирзиёев 15 апрел дар маросими ифтитоҳи он иштирок карда, ҳамроҳи фаъолони маҳаллӣ шаҳрро бо трамвай давр зад», — хабар додааст дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Мирзиёев дар дохили трамвай бо фаъолони шаҳр дар бораи иҷрои як қатор барномаҳо дар шаҳру навоҳии кишвараш суҳбат карда, гуфтааст, ки талошҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум идома хоҳанд ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *