Дастгиршавии дуздхонуми 30 сола аз Панҷ
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани зани 30-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки дар содир намудани якчанд ҳолати дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон гумонбар мешавад, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҳолати дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда шаби 30-юми сентябри соли 2016, бо роҳи пинҳонӣ аз манзили истиқоматии сокинони ноҳияи Панҷ: марди 28-сола- ҷавоҳироти тиллоӣ ва либосҳои гуногун ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ, аз хонаи истиқоматии зани 48-сола ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва 12 феврали соли 2017 аз хонаи марди 30-сола як адад печи нонпазӣ ва ашёҳои гуногуни рӯзгорро дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
«Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ