Дастгиршавии дузди «Ёқут»-и Мурғоб
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Мурғобро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасти гумонбаршуда 1-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш зиёда аз 31 грамм сангҳои сурхчатоб буд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Мутобиқи ташхиси коршиносон инҳо сангҳои қимматноки “Ёқут” буда, марди гумонбар мехост онҳоро ғаёриқонунӣ ба муомилот барорад.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ