Пагоҳ гармои 40 дараҷагиро интизор шавед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз гармшавии ҳарорати ҳаво ҳушдор додааст. 

Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод  гуфтааст,ки  аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво дар қаламрави кишвар то 40 дараҷа баланд хоҳад шуд. “Дар ин рӯзҳо обшавии пирях ва барфҳо дар назар аст. Гармии ҳаво ба омадани селу ярч ва фаромадани сангрезаҳо дар роҳҳои куҳӣ сабаб мешавад”,-афзуд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамчунин аз сокинони кишвар даъват намудааст, аз сафар ба роҳҳои куҳӣ худдорӣ намуда, аз соати 13:00 то 16:00 дар кӯчаҳо камтар сайру гашт кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *