Дастгиршавии шавҳари қотил
Аз сӯи кормандони пулис Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми анҷом додани куштор боздошт шудааст.
Бино ба итилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон , дастгиршуда шаби 27 ба 28-уми майи соли 2016, дар манзилаш баъди муноқиша бо ҳамсари 27-солааш ӯро латту кӯб намуда бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст: “Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш, ҷасади ҳамсарашро дар мавзеи заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон бо истифодаи сӯзишвории бензин оташ зада, қисми боқимондаи ҷасадро ба дохили халта ҷой карда, гӯронидааст”.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ