Санги асос ба аввалин терминали боркашонӣ дар Душанбе

Субҳи имрӯз дар фурудгоҳи байналмиллаии шаҳри Душанбе маросими гузоштани санги асос ба терминали боркашонӣ, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон сармоягузорӣ мешавад, сурат гирифт.
Ин терминал, ки зимни имзои як протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Дугшанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмиллалӣ «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад, бесобиқа буда бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурӣ сохта мешавад.
Дар гузоштани санги асос ба ин лоиҳа ки наздики 18 млн доллар арзиш дорад, Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Душанбе, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, масъули созмони «JIСA» ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, раҳбарони Фурудгоҳи байналмилалӣ ва теъдоде аз рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҳаҷиме Китаока сафири Ҷопон лдар Душанбе зимни суханронӣ гуфт, ки терминали боркашонӣ дар чанд марҳила сохта мешавад, ки аз бунёди терминал ва таҷҳизонидани базаи парвози ҳавопаймоҳо иборат аст. Ва оғози он ба 25 солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *