Падар духтарчаи 3 ҳафтаинаашро таҷовуз карда, кушт

Мувофиқи маълумоти ВАО Мэтью Уорнери 30 сола аз Колифорния барои куштори дараҷаи аввал ба 50 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Номбурда дар моҳи январи соли равон духтарчаи  се ҳафтаина худ Элориаи навзодро авал ба таври ваҳшиёна таҷовуз карда, сипас мекушад ва ба мақомоти пулис бо ариза дар бораи гӯё гум шудани духтарчаи 3 ҳафтаинааш муроҷиат мекунад.

Кофтукови тифл дер давом накард, зеро ҳамсояҳо пешакӣ ба пулис гуфтанд, ки падари духтарчаро бо бархалтаи аҷибе дар даст дида буданд. Ҳангоме,ки гурӯҳи кофтуковӣ ба ҷустани духтарча машғул буд, муфаттиш падарашро таҳти пурсиш қарор дод. Дар натиҷа Уорнер пулисро ба назди мошинаш,ки дар истгоҳи пеши хонааш меистод овард,ки ҷасади духтарчаашро аз даруни он пайдо карданд.

Додгоҳи Лос Анжелес Уорнерро барои ҳамла,куштор ва таҷовузи ваҳшиёнаи  кӯдаки синни то 10 сола барои 50 сол равонаи зиндон кард.

Модари Мэтью Уорнер ин амали писарашро маҳкум карда гуфтааст,ки «ин даҳшати бадтарини модар аст!»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *