Дасти Рӯзибеки Файзалиро кӣ шикаст?

Хонандагони азиз, тавре ки огоҳӣ доред, ҳафтаномаи “Оила” ба ифтихори “Соли ҷавонон” озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро эълон карда буд. Як гурӯҳ мухлисони Рӯзибеки Файзалӣ ба идора занг зада, хоҳиш намуданд, ки ин сарояндаи хушовозро ба қатори довталабони озмун шомил намоем. Барои гирифтани розигии худи Рӯзибек мо ба ин ҳунарманди ҷавон занг задем.

 

-Салом, Рӯзибек! Аз ҳафтаномаи “Оила” шуморо ташвиш медиҳем. Вақти суҳбат кардан доред?

-Воалейкум бар салом! Ман айни замон дар нуқтаи таъмири нақлиёт ҳастам. Бемалол саволҳоятонро додан гиред!

-Пас аз консерти хотирмоне, ки дар Филармония баргузор намудед, ошиқонатон аз мӯйи саратон ҳам зиёд шудаанд. Дилашонро бо чӣ ёфтед, ки ин қадар Рӯзибек мегӯянд?

            

-Албатта бо суруд. Дигар бо чӣ ҳам мешуд?!

-Яу гурӯҳ мухлисонатон ба идораи  мо занг зада, хоҳиш карданд, ки номи шуморо ба рӯйхати довталабони озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” дохил намоем. Шумо аз шартҳои озмун огоҳӣ доред?

-Ростӣ, шарту шароитҳояшро намедонам, вале як ҳафта боз дар тӯю маъракаҳо мардум ба наздам омада мегӯянд, ки “Оила” як озмуни зӯр эълон кардааст, агар шумо ҳам дар он иштирок кунед, мо шуморо дастгирӣ мекунем.

-Мухлисони вафодор доштаед-ку!

-Бузургтарин дороии ман дар зиндагӣ ҳамин мухлисони вафодорам ҳастанд!

-Бо кадом хислататон дили онҳоро ба даст овардаед?

-Беҳтараш инро аз худашон пурсед.

Овозаҳо атрофи чандтогӣ арӯс доштани сарояндаҳо хеле бисёранд. Шумо чанд зану чанд машуқа доред?

-Ман оилаи обод ва як зану чор фарзанд дорам. Як тора мӯйи сари фарзандамро бо сад “арӯс” иваз намекунам.

-Ба фикрам сиёсати янга зӯр аст-а?

-Гап дар тарсидан ё занкалонӣ нест. Ҳамсари меҳрубон, хонаи обод ва фарзандони гул барин хушрӯй дорам, ба ман чӣ намерасад, ки арӯсбозӣ кунам?

-Офарин! Марди ҳақиқӣ бояд ҳамин хел вафодор бошад!

-Хиёнат ва зинокорӣ баракати зиндагиро мепаронад, барои ҳамин ман ба чунин корҳои ҳаром даст намезанам.

-Мо ният дорем, ки иштирокчиёни озмунро тариқи радио низ тарғиб намоем. Шуморо ба суҳбати радиоӣ даъват  намоем, худатонро гум намекунед?

-Сароянда бояд дар баробари суруд хондан сухандон бошад. Боварӣ дорам, ки ман шуморо “подводит” намекунам.

-Имрӯз дар майдони ҳунар рақобат ба авҷи аъло расидааст. Рақиби Рӯзибеки Файзалӣ кист?

-Санъат бе рақобат намешавад, вале рақибони ман танҳо дар саҳна бо ман рақиб ҳастанд. Берун аз саҳна дӯстони ҷонием.

-Мегӯянд, ки Шаҳриёри Давлат ва Наимҷони Сайдалӣ бо шумо рақобати сахт ва ҳатто душманӣ доранд…?

-Ин овозаҳо ягон асос надоранд. Мо бо Наимҷону Шаҳриёр дӯстони  ҷонӣ ҳастем. Имрӯз ман ба консерти Шаҳриёр даъват шудаам. Албатта рафта бо чанд тарона дӯстамро табрик мекунам.

-Ба тӯйи Наимҷони Сайдалӣ шумо бо дасти шикаста омадед. Аз миш-миши мардум фаҳмидам, ки гапатон бо “Дон Жуан” гурехтаасту….

-Дасти маро “Дон-Жуан” нашикастааст, баръакс мо ҳарду якҷоя ба фалокат дучор шудем.

-Бадхоҳонатон шуморо дошта заданд?

-Не, шабона ҳамроҳи “Дон Жуан” аз тӯй баргашта, ба садамаи нақлиётӣ гирифор шудем. Мошинамон ба камаз бархӯрд. Қариб ҳардуямон мурда будем.

-Садама бо айби кӣ рӯй дод?

-Намедонам, ронандаи камаз мегӯяд, ки мошини шумо ба мошини ман бархӯрд.

-Магар маст будед, ки чизеро дар ёд надоред?

-Ҳаво туман ва роҳ бисёр торик буд, аз ҳамин сабаб омадани камазро надида мондем. Вақте ки ба худ омадем, дасти ман шикастагию бинии Дон Жуан лат хӯрда буд.

-Дар умратон ягон бор дурӯғ гуфтаед?

-Кадом сароянда дурӯғ намегӯяд? Баъзан чунин мешавад, ки ягон дӯстам маро ба тӯяш даъват мекунад. Ваъда медиҳам, ки албатта меравам, вале ҳамон рӯз қасд кардагӣ барин, ягон мансабдор маърака меорояд ва ман ҳамчун санъаткор рад накарда ба он ҷо меравам. Хайрият, ки дӯстонам одамони мефаҳмидагӣ ҳастанд, ду-се рӯз қаҳр мекунанду баъд алами дилашонро фаромӯш карда, боз бо ман оштӣ мешаванд.

-Суруди наватон, ки то ба ҳол ба гӯши мухлисон нарасидааст, чӣ ном дорад?

-“Эй нозаниам”.

-Вақтҳои охир Лексуссавор мегардед. Магар ягон спонсори бақувват ёфтед?

-Аз ҳисоби тӯю маракаҳо соҳиби мошин шудам, вале дар корҳои эҷодиам апаи Зарина, ки барои ман мисли модар ҳастанд, ҳамеша кӯмак мерасонанд.

Мегӯянд, ки дар филми “Меҳмони нохонда” шумо нақши асосиро мебозед…?

-Ман дар ин филм дар васфи духтару бачае, ки дар нақшҳои асосӣ ҳастанд, суруди “Ту бо ман бош”-ро месароям.

-Клипи таронаҳоятонро дар кадом шаҳрҳо ба навор гирифтаед?

-Дар Дубай, Анталия, Маскав, ният дорам, ки ба дигар давлатҳо низ сафар намуда таронаҳоямро клип намоям.

-Аз оҳангсозони касбӣ бо киҳо ҳамкорӣ доред?

-Бо Диловари Зуҳуриён ва Шароф Шакарӣ.

уруди “Суман” –ро бисёр олӣ месароед. Дар васфи кадом Суман ин таронаро эҷод карда будед?

-Ин суруд моли Рустам Қосимов аст. Аз ҳамон кас пурсед, ки онро дар васфи кадом Суман эҷод кардааст. Оҳанги ин суруд ба ман писанд афтид, аз ҳамин хотир онро сурудам.

-Дар охир ба мухлисонатон, ки шуморо ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешниҳод карданд, чӣ гуфтаниед?

-Мудом дар хонадонашон тӯю хурсандӣ бошад ва мо, сарондаҳо ба хурсандиашон шарик шуда, маҳфилашонро бо суруду таронаҳои дилнишин обод созем!

-Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *