Айбдоркунанда барои Қадамҷону ҳамроҳонаш аз 13 то 17 сол талабид

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва панҷ аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард. Ин афрод дар маҷмӯъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Муҳокимаи парвандаи ин афрод рӯзи 8-уми июн дар додгоҳи ноҳияи Сино баргузор шуд ва дар ҷараёни он айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳар яке аз Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17-сол, барои Фурқат Раззоқов,Арслон Маҳкамов ва Зуҳал Сангинов 15 ва бароиҲикматулло Хоҷаев 13 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш шадидро, тақозо намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *