Дастоварди хонандаи тоҷик аз Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ
Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Аниса Буриева дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон соҳиби ҷойи 3-юм гардид.
Гуфта мешавад, ки олимпиадаи мазкур аз 13 то 18-уми апрел дар Ҷумҳурии Словения баргузор гардидааст.
Дар олимпиада 213 хонанда аз ИМА, Чин, Олмон, Канада, Англия, Ҷопон ва дигар давлатҳои мутараққӣ иштирок кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ