Дастоварди варзишгарони Тоҷикистон аз Қунияи Туркия
Дар рўзи чоруми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони Тоҷикистон се медал — 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраи аввалро яке аз ширкаткунандагони Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук — мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ — бо натиҷаи 7.86 метр сазовор шуд. Дар ин сабқат медали тиллоро намояндаи Ӯзбекистон Анвар Анваров (8.01) ва медали биринҷиро варзишгари кишвари мизбон Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст оварданд.
Медали дуюми нуқраро Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рўи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовор гардид. Мусобиқаи пара-тенниси рўи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа 4 варзишгар ширкат карданд. Екатерина дар ду давр бар варзишгарони Эрон Пагоҳ Кулоҳрудӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ ғалаба карда, аз варзишгари мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардида, ҷойи дуюмро ишғол кард.
Дар куштии юнонӣ-римӣ варзишгарони Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар вазни -55 кг ва Фирўз Мирзораҷабов дар вазни -63 кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд. Асламҷон дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм бар варзишгари Эрон Паноҳистонӣ бо ҳисоби 8:0 ва Фирўз бар варзишгари Ӯзбекистон У. Тиркашев бо ҳисоби 8:1 дастболо шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ