Гулбаҳор Назирӣ муовини раиси Бонки миллӣ таъин шуд

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 17-уми августи соли 2022 Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Гулбаҳор Назирӣ то ин дам вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд буд.

Гулбаҳор Назирӣ 19-уми сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Хуҷанд таҳсил намудааст. Соли 1987 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1992-1997 дар факултети иқтисоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардидааст.

Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б. Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет буд. Моҳи ноябри соли 2009 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Россия.

Ду монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Ҳиндустон нашр гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *