Билол Иброхим

Дастури Ҳукумат чаро дар Шоҳмансур иҷро намешавад?

Имрӯз аксари шаҳру ноҳияҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо тақозои рушди технология ва дастрасӣ ба иттиллот сомонаи худро доранд. Аммо на ҳамаи сомонаҳои мақомоти мо фаъоланду аз маълумоти зарурӣ бархӯрдор. Ҳол он ки, дастури Ҳукумати кишвар аст, ки тамоми мақомот сомонаи худро фаъол кунанду мардумро бо иттилои нав ба нав таъмин намоянд.

Чанд рӯз пеш хостам, ки бо кору фаъолияти масъулини ноҳияи Шоҳмансур шинос шавам. Чунки ин ноҳия дар қалби пойтахт ҷойгир асту пайваста чорабиниҳои зиёд доир мегардад. Хостам, ки бо таъриху фаъолияти ноҳияи Шоҳмансур шинос шавам. Вақте вориди сомонаи ноҳия шудам, аввал ороишаш диққатамро ҷалб кард. Сипас, вориди ҳар як “рубрика”-и сомона шудам. Маълумоти муфассалро дар бораи масъулину сохторҳои ноҳия пайдо накардам.

Дар баъзе рубрикаҳо маълумот нест, ё куҳнаанду иртибот ба ин ноҳия надоранд. Ба рубрикаи “Нома ба раис” ворид шуда, хостам, ки арзи дил нависам, то масъулин пайи рафъи камбудӣ шаванд. Аммо дар ин рубрика ягон имконияти навиштани нома ё фиристодан нест.

Ба ном рубрикаи “Нома ба раис” ҳасту халос. Дар дигар сомонаҳои ноҳияҳо аз раис сар карда то муовинон ва сохтори зарурӣ тарҷумаи ҳолашон ва рақами телефон барои арзи шаҳрвандон ҳаст. Вале дар ин сомонаи ноҳия фақат акси раис бо вазифааш ҳасту халос. Гӯё ин ноҳия муовини раис ва дигар сохтор надошта бошад. Шояд ин сомонаи ноҳия чанд масъул дошта бошаду аз ин ҳисоб маош мегиранд, вале ба чашми мақомот хок мепошанд? Ё шояд барои раиси ноҳия будани сомонаву маълумоти зарурӣ дар он аҳамияте надорад? Ё шояд раиси ноҳияи Шоҳмансур аз вазъи кори сомонаи ноҳия огоҳ нест?

Аз рӯйи шунидам, раиси ноҳияи Шоҳмансурро як инсони донишманд мегӯянд. Қаблан дар шаҳри Роғун раис будааст. Мегӯянд, ки нисбат ба зердастон серталаб аст. Агар чунин аст, умедворем, ки фаъолияти сомонаи ноҳияи Шоҳмансурро фаъол мекунаду барои дигарон намунаи ибрат мешавад.

Б. НЕЪМАТУЛЛО,

сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *