Боздошти боз як таксирони ҷавон барои ишораҳои ғайриахлоқӣ

РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки як нафар ронандаи ҷавони таксӣ барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», таҳти рақамҳои 9999QZ01, ки ба шаҳрванд Муҳаммад Салимов, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Лермонтов тааллуқ дошт, дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои додашуда ҳангоми кофтуков муайян гардидааст, ки номбурда автомашинаашро муваққатан ба иҷора гирифта, нисфирӯзии 25-уми май, ҳангоми аз хиёбони Рӯдакӣ гузаштан, нисбати як ронандаи мошини мусофирбар рафтори дағалона карда, бо гапҳои қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон ба ҳаркати ӯ монеа шуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст ва худсарона рақамҳои автомашинаи «маршруткаро» канда гирифтааст.

Тибқи иттилоъ, нисбати Салимов Муҳаммад барои ин амалаш тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *