Дастури Президент ба мансабдорон: Мардумро аз хатари офатҳои табиӣ огоҳ намоед!

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табӣ дар рӯзҳои охир ба масъулини дахлдор дастур дод.

Имрӯз, 10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои куҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.

Таъкид гардидааст, ки имрӯз ва чанд рӯзи наздики дигар дар минтақаҳои гуногун, бахусус ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ обу ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *