Дастури Президент: Кодекси андоз бояд сода ва оммафаҳм бошад
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсола ба Парлумони кишвар гуфт, ки тағироти Кодекси андоз дар таҳрири нав бояд бо иштироки намояндагони соҳибкорон сурат гирад.
“Мо бояд ба бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус диҳем. Такя ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ намоем. Ҳоло дар Тоҷикистон 30 намуди сабукӣ ба соҳибкорон дода шудааст. Соли ҷорӣ шумораи санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишгар кам карда шудааст. Агар дар соли 2018 теъдоди он 300 ҳазорро ташкил мекард, имсол бошад, ба 48 ҳазор расидааст”-таъкид дошт, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, ки ҳоло дар Кохи Сомони пойтахт бо иштироки васеи аъзои Ҳукумат, вакилон ва аҳли зиёи кишвар идома дорад.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар дастур дод, ки дар қабули Кодекси андоз бисёр ҷиддӣ бошанд ва онро ҳамаҷониба омӯзанд, то барои соҳибкорон фаҳмo бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ