Даъвати Хушвахтзода аз олимони математика
20 -уми феврал Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо олимону кормандони Институти математика ба номи А.Ҷураев вохӯрӣ доир кард.
Номбурда дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, ки ба институти мазкур ҳам рабт дорад, ибрози ақида намуд.
Ӯ аз олимону кормандони соҳа даъват ба амал овард, ки барои дар амал татбиқ намудани фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ