Мозайкаи “Шашмақом” ҳифз мешавад

Ширкати сохтмоние, ки дар ҷойи бинои ТВ “Сафина” маркази тиҷоратӣ бунёд мекунад, гуфтааст, ки мозайкаи таърихии “Шашмақом”-ро ҳифз мекунад.

Намояндаи ширкат мегӯяд, ки мозайка бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои насли оянда ҳифз карда мешавад.

“Ҳоло мутахассисон дар бораи роҳҳои ҳифз ва ворид кардани он ба лоиҳаи бинои нав кор мекунанд”-гуфт манбаъ.

Мозайкаи сангини “Шашмақом” аз ҷониби рассом Асрор Аминҷонов соли 1976 офарида шудааст. Онро мутахассисон яке аз шоҳкориҳои ҳунари мозайкаофарӣ медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *