Дар Тоҷикистон худкушӣ миёни мардон зиёд шудааст. Чаро?    

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 339 ҳолати худкушӣ ва 74 далели сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, миёни шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мардон зиёд мебошанд. Давоми як соли 2023-юм 215 ҳолати даст ба худкушӣ задани мардон ба қайд гирифта шудаст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад.

 Байни занон бошад, давоми як сол 198 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин омор дар соли 2022-юм 203 ҳолатро ташкил медод.

Даст ба худкушӣ задани ноболиғон низ дар ин давра 5 ҳолат зиёд шуда, дар умум ба 47 нафар расидааст.

 Гуфта мешавад, ки сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани сокинон дар кишвар, ин бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ мебошад.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *