Давлаталӣ Саид узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Дирӯз, 21-уми июн интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз вилояти Хатлон №3 баргузор гардид. Дар натиҷа Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Пеш аз интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он номзадии Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлонро ба узви Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуда буданд.

Дар асоси меъёрҳои муқарраргардида барои баргузор намудани интихоботи узви Маҷлиси миллӣ Комисияи ҳавзавии интихобот дар толори алоҳидаи маҷлисгоҳ 3 ҳуҷра (кабинаи) овоздиҳии пинҳонӣ ташкил карда буд ва вакилони интихобкунандаи узви Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи худро нисбати номзади пешбаришуда маълум намуданд.

Ҳамин тавр, баъди ҳисобкунии бюллетенҳои интихоботӣ аз ҷониби аъзои комисияи ҳавзавӣ, Шавкат Маҳмадализода — раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ натиҷаи онро эълон намуд.

Тибқи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи узви Маҷлиси миллӣ 858 вакил иштирок намуда, аз ин шумора 856 нафар вакилони итихобкунанда ба тарафдории номзад Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон овоз доданд. Вобаста ба натиҷаҳои интихоботи узви Маҷлиси миллӣ зикр гардид, ки узви Маҷлиси миллӣ интихобшуда эътироф мегардад.

Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *