Португалия бо голи Роналду пирӯз шуд

Голи Роналду дар бозии 200-ум дар ҳайати тими миллӣ ба Португалия кумак кард, ки исландиҳоро дар бозии интихобии қаҳрамонии Аврупо-2024 мағлуб кунад.

Вохӯрии гурӯҳи «Ж» дар Рейкявик ба ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анчом ёфт. Дар дақиқаи 89-ум Криштиану Роналду гол зад. Ҳашт дақиқа пеш аз ин, баъди корти дуюми зард нимҳимоятгари тими Исландия Вилям Тор Вилямсон аз майдон хориҷ карда шуд.

Роналду дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад. Ин 200-умин бозии ӯ дар ҳайати тими миллӣ буд.

Моҳи март вай аз рӯи шумораи бозиҳои командаи яккачин дар таърих рекорд гузошт. Пеш аз бозӣ бо исландиҳо ба ҳамлагари 38-сола шаҳодатномаи Китоби рекордҳои Гиннес тақдим карда шуд.

Ҳоло ӯ ба ҳисоби барандаи панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” дар ҳайати мунтахаби кишвар 123 гол дошта, аз рӯи ин нишондод ҳам “рекордсмен”-и ҷаҳон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *