Дар шумораи №25-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Духтарам маро апа мегӯяд!”, “Шармандагии арӯс дар интернет”, “Дӯстдоштаамро ба мани “пойлуч” надоданд!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Тарбуз дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Тиллодуздӣ дар хоб чист?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Ҷодугар арӯсро ғорат кард”. Чунин унвон дорад қиссаи фиреб хӯрдани як ҷавондухтаре, ки ба наздикӣ тӯйи арӯсӣ дораду ба доми фиреби ҷодугарзане афтода, тилловориҳояшро аз даст медиҳад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

Таҳти рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигор Одил Нозир зери сарлавҳаи “Аз латифаҳо намеранҷам, зеро…” бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, ки дар арафаи 75-умин солгарди ин ҳунарманди мумтоз таҳия гардидааст, манзури хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад.

“Зани урус” қиссаи воқеӣ ва инъикоскунандаи сарнавишти садҳо оилаҳои тоҷик аст, ки шавҳар дар муҳоҷират бо зани рус оиладор ва соҳиби писар шуда, зану фарзандони тоҷикашро фаромӯш мекунад. Дар ин қисса рашки зани тоҷик, зиндагии пурмашаққат ва сангини занҳои деҳот, нигоҳи зани рус ба сарнавишти зани тоҷик тасвир карда шудааст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Суҳбати Рафоат, шикояти Афандӣ ва суруди нави Шабнам” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Ях кардани нисфи бадан нишонаи беморист?”, “Пучоқи тухм хӯрдан мумкин аст?” ва “Оби хуч ба кадом касалиҳо фоида дорад?” маводҳои тиббиро оид ба бемориҳои номбаршуда ва роҳҳои шифо ёфтан аз онро мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Вақте занамро сел бурд, аз по афтодам” аз ҳаёту фаъолияти ҳунарманди шӯхтабъ Қадами Қурбон мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *