Давлатали Саид раис шуд
Ҳукумати мамлакатамон барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди давлату созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба ҳуқуқи инсон як комиссияи махсус ташкил кард.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки аввали моҳи апрели имсол тасдиқ шудааст, роҳбарии ин комиссияро Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, бар ӯҳда дорад. Ба ҳайати комиссия муовинони аввали раиси Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ, дар маҷмуъ 18 нафар шомиланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ