Давлати исломӣ: “Месӯзонанд, мекушанд, сар мебуранд”-мегӯяд, Парвиз Шарипов

“Давлати исломӣ”  созмони ифротгарое мебошад, ки ҳазорон  ҷавонро бо роҳҳои фиреб ба Сурия бурда, онҳоро қурбон мекунад. Парвиз Шарипов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти “Сарвати истиқлол”-и ноҳияи Бохтар низ аз ҷумлаи онҳоест, ки  ба суханҳои  фиребандаи  як “дӯсташ” вориди Сурия гашту  сахт пушаймон шуд. Суҳбате доштем бо Парвиз сари ин мавзӯъ….

-Аз рӯи маълумоте, ки дар даст дорем, муддати  9 моҳ дар Сурия қарор доштед. Мегуфтед, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ тавонистед, ки вориди ин кишвар шавед?

— Донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ будам. Мисли дигар ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамудам. Маҳз тавассути шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо як ҷавон шинос шудам. Ҳамеша дини мубини исломро  тарғиб мекарду ҷиҳод анҷом доданро яке аз суннатҳои Пайғамбарамон  мегуфт. Хулоса, дар рафти  суҳбат маро низ даъват кард. Ман аз ислом бехабар будам, ба суханҳои ӯ бовар карда, бо роҳи пинҳонӣ азми сафар намудам. Пеш аз сафар аз ӯ бо кадом роҳ ва чӣ гуна рафтанро пурсидам ва 27 сентябри соли … ба шаҳри Москва, баъд ба  Туркия ва аз он ҷо бо роҳи ғайриқонунӣ сарҳадро убур намуда, ба Сурия ворид шудам.

-Ворид шудан ба як кишвар осон нест ва ҳама ҳуҷҷатҳо тафтишу аз назар гузаронида мешавад. Вақти ворид шудан  худро муҳоҷир муаррифӣ намудед ё меҳмон?

-Ба Туркия расидан баробар одамҳои худашон моро ба  автобус савор карда бурданд. Онҳо маълумот доранд, ки ҳамин рӯз чанд нафар ба Сурия барои ҷиҳод мераванд. Аз мо ягон чиз напурсиданд ва мо ҳам нишастему рафтем. Ҳамроҳи ман аз Хитой ва Ӯзбекистон низ ҷавонон буданд. Ҳоҷат ба муаррифӣ надорад.

-Сурияе, ки “дӯстатон” муаррифӣ намуда буд, ҳамон гуна дарёфт кардед, ки ӯ гуфт ё тарзи дигар?

-Аз куҷо? Баъд аз ворид шудан  дидам,  ки ҳатто як ҳарфаш мутобиқат намекард.  «Давлати исломӣ» аслан ба хоҳиши худаш чӣ кореро  хоҳад, анҷом медиҳад ва  ҷазоро низ худаш  таъин мекунад. Дар бисёр ҳаракатҳояшон гуфтаҳои дини ислом дида намешавад. Инсонҳоро бо гуноҳи кучак ҷазоҳои сахту сангин медиҳанд. Сар мебуриданд, алов мезаданд ва монанди ин ҷазоҳои сангинро раво мебинанд.

Ҳамон шахсоне, ки аз фурудгоҳ  гирифта бурданд, онҳо ҷои шуморо муайян карданд ё дигар одамон?

-Не. Вазифаи онҳо то ба қароргоҳ расонидан аст. Аз он ҷо ҳамаи ҷавононро аз рӯи касбу маълумоташон тақсим мекунанд. Ман, ки донишҷӯ будам, аз илми тиб бохабар  ҳастам ва инро ба онҳо гуфтам. Баъд дастур доданд, ки ту ёрдамчии духтур мешавӣ ва ҳамин тавр ба беморхона афтидаму майдони ҷангро надидам.

 -Баъд аз чанд вақт аз кардаи худ пушаймон гаштед ва дар саратон хаёли ба Тоҷикистон баргаштан омад?

-Каме вақт гузашта буд, ки аз карда пушаймон шудам ва мехостам ба Ватан баргардам, вале чӣ тавр? Бо кадом роҳ? Аз кӣ бояд маслиҳат пурсам? Ин саволҳое буд, ки намедонистам аз кӣ посух гирам. Чунки дар он ҷо касе ба касе бовар намекунад ва бовар кардан ҳам номумкин аст. Бар замми ин, бисёри ҷавононе, ки аз Сурия мегурехтанд, дар сарҳад гум мешуданд. Кӣ онҳоро мекушт ва ҷасади онҳо дар куҷо буд, касе намедонист. Аз ин овозаҳо дар дилам тарсу ваҳм ҷой мегирифт. Аз ин хотир қарор додам, ки бояд то як муддат интизор шавам. Ҳамин тариқ, муддати 9 моҳ дар Сурия мондам ва насиҳату фаҳмондадиҳои модарам буд, ки ба ман нерую қувват мебахшид. Вақте мегуфт,ки  дар Тоҷикистон барои ҷавононе, ки ба гурӯҳи «ДИ» шомил шуданду пушаймон гаштаанд, афв  эълон мешаванд, ба дилам равшанӣ афтод . Ин суханҳои модарам, ки ҳар рӯз дар саҳифаи интернетии ман менавишт, маро дубора нерӯ мебахшид. Вақте ҳамаи ҷанговарон ба сӯи Ироқ рафтанд, амнияти шаҳри Манбич суст гашт. Аз ин фурсат истифода бурда, ба такси ҷониби сарҳад омадам. Баъд ба Туркия гузаштам. Сарҳадбонони  турк маро дастгир карданд. Телефон доданд, ки ба хонаводаатон занг зан, то огоҳ шаванд, ки ту хоки Сурияро гузаштаӣ. Баъд ба  волидонам занг задам, ки ман дар дасти ҳомиёни Туркия ҳастам. Онҳо ба амният, амният ба сафоратхона занг заданд маро ба Тоҷикистон оварданд.

-Шумо ҳам  қаблан  нафарони дигарро барои ҷиҳод даъват мекардед?

-Кори ман тарғиб набуд. Лекин бо писари тағоям дар тамос будам ва ӯро даъват мекардам, ки ҷиҳод рост аст… Ин корам дар ҳафтаҳои аввали рафтанам буд. Вақте ки асли гапро фаҳмидам, дигар  як ҳарф ҳам намегуфтам.

-«Дӯстатон», ки шуморо даъват карда буд, то ҳол бо шумо суҳбат мекунад?

-Не, баъди як-ду моҳи ман рафтан ӯро куштанд ё тир хӯрд, инашро намедонам.

-Мақсади ҷавононе, ки мераванд, на ҷиҳод балки маблағи калон ба даст овардан аст. Тибқи баъзе андешаҳо гӯё барои як ҷанговар дар як моҳ 4000 $ медиҳанд. Ин ҳақиқат дорад?

-Медонед чӣ? Дар он ҷо гурӯҳҳо зиёданд, шояд чунин гурӯҳе бошад, ки ба ҷангворонашро пул диҳад. Лекин гурӯҳи мо чунин набуд.

-Гурӯҳе, ки шумо будед, чӣ ном дошт?

-«Давлати исломӣ”.

— Сарбурии гурӯҳи ҷавонон, тирборон кардани як гурӯҳи мардон, ки аз тарафи ниқобпӯшҳо анҷом дода мешавад, гӯё бо барномаҳои махсус онро даҳчанд такрор ба такрор монтаж мекунанд, то ки чашми мардумро тарс диҳанд.  Оё дар ҳақиқат барои ҷорӣ кардани сиёсати гурӯҳашон чунин мекунанд ё дар воқеъ чунин аст?

-Дар он кишвар ҷангҳои сахт мешавад. Шахсан ман низ тавассути видеороликҳо тамошо мекардам. Ҷавононе, ки маҷрӯҳ шуда, ба беморхонаи мо интиқол дода мешуданд,  нақл мекарданд. Ҳатто  шунида будам, ки аз майдони пуроташ низ ҷавонон мегурезанд. Вале бисёрашон ба фикри он ки дар маҳбас меафтанд, метарсанд ба кишвар баргарданд. Аз рӯи мушоҳидаҳо 30 дарсад пушаймоншудаҳо ҳастанд.

-Ба сарҳадбонон чӣ гуфтед, ки иҷозаи берун шудан аз Сурияро доданд?

-Дар ҳамон дидбонгоҳҳое, ки то сарҳад меистоданд, мегуфтам, ки падару модарам ба дидани ман омада истодаанд, Онҳоро мебинаму бармегардам. Агар мегуфтам, ки дар Туркия вомехӯрам,  намегузоштанд. Чуноне ки  болотар зикр кардам, қароргоҳе фаъолият мекунад, ки   ҷои вохӯрӣ бо волидон аст. Ман низ ҳамон ҷоро ном гирифтам. То наздикии қароргоҳ бемалол рафтаму ба он ҷо  надаромада, давоми роҳро гурехтам.

-Рост ба сафорат рафтед?

-Маро дар сарҳад дастгир карданд ва шуъбаи пулис  бурданд. Дар ҳамон ҷо як араб, ки собиқ шаҳрванди Сурия буд ва  забони русиро кам- кам медонист, ҳамсуҳбат шудаму мақсадамро гуфтам. Ба ман телефон дод ва гуфт, ки ба ягон хешу таборат занг зан. Ба падарам занг зада гуфтам, ки дар Туркия ҳастам. Ба мақомоти дахлдор хабар диҳед. Ҳамин тариқ 7 рӯз дар он ҷо мондам ва баъд ба сафорат супориданд. Ҳамин тариқ ба Тоҷикистон баргаштам.

-Парвиз,  айни замон дар паи чӣ коред?

-Муддати ду сол аст, ки барои ба донишогоҳ  барқарор шудан талош дорам, вале бенатиҷа аст. Бисёр мехостам маро дубора ба донишгоҳ қабул намоянду хонда соҳиби маълумот гардам…

Тоҷихон Бобиева-модари Парвиз.

-Ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шудани фарзандатонро кай фаҳмидед?

-Баъди ду рӯзи дар Сурия буданаш фаҳмидам.

-Кӣ шуморо хабардор намуд?

-Парвиз дар хонаи хоҳарам, ки  дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, меистод. Парвиз аслан ба тӯйҳо намерафт. Ба холааш гуфтааст, ки ба ноҳияи Рашт ба  тӯй меравам. Шояд ду рӯз онҷо монам. Чунки тӯйро бо планшетам сабт мекунам. Ду рӯз аҳамият намедиҳанд. Рӯзи сеюм бояд меомад, наомадааст. Занг мезананд, телефонаш хомӯш аст. То бегоҳ занг мезананд, телефонаш ҷавоб  намедиҳад ва  ба шубҳа меафтанд. Ба ман занг зада гуфтанд, ки Парвиз се рӯз мешавад, ки телефонаш хомӯш аст. Ин хабар бароям мисли барқ таъсир кард. Дар он вақт ман дар яке аз деҳаҳои Русия ба кори хоҷагӣ машғул будам. Вақтҳои бекорӣ ахбори ҷаҳонро тамошо мекардам ва  ҳамон шабу рӯз одамони Умаралӣ Қувватов дар телевизионҳо эълон мекарданд, ки 9 октябр бесарусомониҳо мешавад, аз ин хотир ҳамеша таъкид мекардам, ки мабодо ба ягон кори ноҷо даст занӣ. Баъди хабарашон дилам гувоҳӣ дод, ки Парвиз ба Сурия рафтааст.

-Чанд вақт пас аз худ хабар дод?

-Аз овозаҳо фаҳмида будам, ки бачаҳое, ки ба хоки ин кишвар ворид мешаванд, баъди ду моҳ аз худ дарак медиҳанд. Ба азобу машаққатҳои зиёд 18 рӯзро сипарӣ кардам. Баъди ин муддат Парвиз  ба сайташ даромаду суҳбат кардем. Ҳуҷҷатҳояшро пурсидам, ки шиносномаат дар дастат ҳаст. Намедонам рост гуфт ё дурӯғ. Боз пурсидам, ки баргашта метавонӣ ё не? Дилат чӣ мехоҳад?. Гуфт, ки ҳоло наметавонам, чунки нав омадааму ягон роҳро намедонам. Мо низ сахт нагирифтем, таъкид мекардам, ки илтимос ягон касро даъват накун, ки боиси ба маҳкама кашиданат хоҳад шуд.  Дилбардорӣ мекардам, ки фикр накун, ки ин қадар ҷавононе, ки ба Сурия рафтаанд, ҳамаи онҳоро зиндонӣ кунанд. Аксарияташон бо роҳи фиреб ба он ҷо рафтаанд. Ҳукумати мо нисбати ин кор чораҳои судманд хоҳад дид.

-Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди  Парвиз чӣ мегуфт?

-Аз Русия баргаштаму ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардам. Аз онҳо маслиҳат пурсидам,  ба ман роҳҳои баргаштанро нишон доданд. Бо дастгирии КДАМ бисёр шахсоне, ки аз Сурия баргаштаанд, вохӯрдам. Барои ҳамин мо ҳама паҳлуҳои ин корро фикр кардем ва муддати зиёдтар гузашт. Моҳи Рамазон буд, Парвиз хабар дод, ки рӯзҳои наздик  мебарояд. Мо КДАМ-ро хабардор  кардем,  рақамҳои сафоратхонаро гирифтем ва барои  баромаданаш омодагӣ дидем. Боз ҳам дилам дар ташвиш буд, ки шояд ҳукумати Туркия ӯро ба маҳбас кашанд. Баъди якуним рӯз Парвиз аз ин марз берун шуд.

-Маслиҳати шумо ба модароне, ки писаронашон дар сафи гурӯҳҳои ифротгаро қарор доранд?

-Ба ҳамаи волидон  маслиҳат доданиам, ки ҳеҷ гоҳ ба писаронашон оби дида накунанд, сарзаниш нанамоянд,  чунки онҳо дар ҳолати ногуворанду фиреб хӯрдаанд ва ниёз ба дастгирӣ доранд, на сарзаниш…

Суҳбати Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *