Иқдоми номуборак дар Хуҷанд. Ин роҳ моро ба масҷид мебарад

 

Ин овоза нест, ҳақиқат аст, ҳақиқати талх. Масъулин аз шунидани он гӯш ба карӣ мезананд, мардуми одӣ дар ҳайратанд. Дар шаҳри Хуҷанд, бо дастури раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ягона маркази илмию маърифатӣ Планетария дар Осиёи Марказӣ ва мактаби варзишии “Ҷашнӣ”-ро ба замин яксон мекунанд. Дурусттараш, соҳибкоре  бо пуштибонӣ аз масъулини вилоят ва шаҳри Хуҷанд бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва истгоҳ барои мошинҳо месозад. Дар паҳлуи масҷиди Шайх Муслиҳиддин ду марказ, ки яке  мактаббачагон ва наврасонро ҳидоят ба илму маърифат ва хурофотзудоӣ мекард ва дигаре, ки ҷои машқи даҳҳо ғолибони чемпионатҳои ҷаҳонӣ, садҳо варзишгароне буд, ки Парчами ҷумҳурии моро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ баланд мебардошт, дигар вуҷуд надорад. Пул аз болои маърифат ва варзиш ғалаба кард. Тазод, аммо воқеият. Планетария дар паҳлуи бозори “Панҷшанбе” ва масҷиди Шайх Муслиҳҳиддин ҳануз соли 1980 бунёд гаштааст ва дар тавозуни раёсати маорифи вилоят қарор дорад. Он бо дастгоҳҳои истеҳсоли Олмон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки тавассути онҳо ситораҳо, нуҳ сайёраҳои системаи офтобӣ, Роҳи Каҳкашон, ҳаракати моҳро метавон назорат кард. Толори планетарий барои дар як вақт мушоҳида кардани муъҷизоти табиат барои 100 нафар ғунҷоиш дорад. Мувофиқи маълумоти муовини директори он Самеъҷон Хошоков танҳо дар моҳи январ хонандагони 44 мактаби шаҳру ноҳияҳои вилоят аз дидани осмони ситоразор ва шарҳи илмии муъҷизоти табиат бархӯрдор гаштанд. Онҳо, ки дар дуроҳа миёни масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва Планетария қарор доштанд, итминон ҳосил карданд, ки табиат бар асари  “куфу суф” арзи вуҷуд накардааст. Планетария онҳоро аз хурофот барканд ва ба роҳи илм бурд. Ин бурди идеологию иттилооти кишвари дунявии Тоҷикистон буд. Шояд ин ба табъи онҳое, ки дар ғами кисса ҳастанду маърифат барояшон қадре надорад, писанд наомад.

Директори Планетария  Муҳиддин Қосимов дар ҳайрат аст. Ӯ изҳор намуд, ки ба ин муассисаи илмию маърифатӣ дар қатори мактаббачагону донишҷӯён садҳо сокинони вилоят меоянд, маърӯзаҳои илмии олимони пажӯҳишгоҳҳои гуногун (аз ҷумла олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳо), Ҷамъияти “Дониш”, Ҷамъияти астрономии Тоҷикистон, олимони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва кормандони илмии Планетария ва донишмандонеро, ки аз ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омада, маърӯзаҳои илмӣ мехонанд, гӯш мекунанд. Маърӯзачиён ва масъулини Планетария дар баробари пешниҳоди тадқиқотҳои худ оид ба ҳодисаҳо ва хатарҳои кайҳонӣ, ҳодисаҳои гирифтани Офтобу Моҳ ва дигар сайёраҳои манзумаи шамсӣ, ҳодисаи ситораборон, мушоҳидаи кометаҳо — ситораҳои думдор, ҷаҳонбинии муосири илмӣ роҷеъ ба сохти олам ва таҳаввулоти кайҳонӣ (ин дар ҳолест, ки кулли масъулини дини мамлакат ҳанӯз побанди андешаи классикии заминмарказии олам ҳастанд) маърӯзаҳои мароқовар ва маводи аз нигоҳи илмӣ асосёфтаро ба шунавандагон пешкаш менамуданд. Ширкаткунандагон ва хоса мактаббачагон, насли наврас, донишҷӯён ба саволҳои худ посух дарёфт намуда, бад-ин васила ба ҷараёнҳои тундрави динӣ побанд намешуданд. Онҳо аз мавзӯъҳои илмӣ ва маводи аёнии Планетария (шунидан кай бувад монанди дидан!) дониш барчида, бо таассуроти хотирмон аз Планетария берун мерафтанд. Имрӯзҳо бошад,  насли наврас ва донишандӯзон рӯзҳои истироҳатӣ аз канораҳои вилоят ба Планетария омада, ноумед аз Хуҷанди бостон бо таассуф мераванд. М. Нарзиев ин иқдоми номуборакро дар вилояти Суғд нодида гирифтани сиёсати фарҳангии Пешвои миллат шуморидааст.   Ва бо вуҷуди кор аз кор гузаштан ӯ пешниҳод дорад, ки ба соҳибкоре, ки даъвои ин мавзеъро кардааст, аз дигар тарафи шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо кунанд ва ин муассисаи нодиру қадимаро, ки  ҳамагӣ дар 0.2 га ҷойгир аст, валангор насозанд.

   Ҷавоне дар фейсбук навиштааст, ки тоҷикистонисту баъд аз солҳои зиёди иқомат дар Русия ба Ватан омадааст:”Як ҳафта пеш аз  Русия баргаштам. Аз зебоиҳои табиати Ватан ниҳоят хушҳолам. Аммо дирӯз, ки ба сафари шаҳри Хуҷанд доштам, воқеаеро дидам, ки маро ниҳоят бадбахт гардонд. Ҳамон Планетария ё Расадхонае, ки дар Хуҷанд ҳукумати шӯравӣ сохта буд, хароб гардидааст. Кадом як соҳибкори беинсоф бо номи  Расул Ашуров ин ҷойро гирифта, мехоҳад бошгоҳи калони пулакӣ созад. Ин бадбахтист. Расадхонае, ки аз он мактаббачагон аз тамоми вилоят дидан карда, аз он баҳра мебурданд. Ҳатто 15 мактаббачаеро дидем, ки аз куҷое бо муаллими худ омада, мехостанд, ки ба расадхона дароянд. Вақте ки ба мақсади бизнес харобиро диданд, хеле  афсӯс хӯрданд. Ин бадбахтӣ барои мардум, барои илму фан хоҳад буд. Аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунем, ки пеши ин роҳи амали зиддимардумӣ гирифта шавад”.

Ин «иқдом» дар нигоҳи аввал сода, вале чун амиқ назар карда шавад, хатарзост.  Зеро дар ҳоле сурат мегирад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур медиҳанд, ки бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас — хонандагони макотиби олӣ ва миёна, ташаккули фарҳанги илмии сокинони ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва маърифати шаҳрвандон тамоми чораҳо андешида шаванд. Аммо масъулини вилояти Суғд  дар шафати калонтарин масҷиди ҷомеъ ва калонтарин бозори шаҳр —  Панҷшанбебозор даст ба вайрон кардани ягона дар ҷумҳурӣ муассисаи илмию маърифатӣ Планетария ва мактаби варзишии  «Ҷашнӣ» мезананд. Шояд ин мактаб ҳам, ки аз номаш бармеояд замоне ба хотири Ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд гашта бошад. Шояд касоне бошанд, ки андешаи дигар ба сар дошта бошанд ва гӯянд, ки ҳукумати вилояти Суғд ин ду иншоотро дар ҷои дигар хубтар месозад. Шояд. Аммо чаро фикри вайрон кардани масҷид ва дар ҷои дигар бунёд кардани масҷиди ҷомеи ҷадид бар сарашон наомад? Планетария, мактаби варзиширо вайрон кардан мумкин будаасту масҷидро не. Боз хурофот дар мағзи роҳбарон? Шояд замоне даррасидааст, ки мактаб, Планетарий, ҷойҳои таърихиро ҳам вақф эълон кунем, ки минбаъд даст ба вайрон кардани онҳо назананд? Аҳли маърифати шаҳри Хуҷанд бар он назаранд, ки ин амали номуборак барои ташаккулёбии ифротгаройӣ ва дигар ҷараёнҳои тундрави динӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад оварад. Бар илова, амали биноҳои таърихӣ ва маърифатиро хароб кардан, мардумро ба манқурт мубаддал кардан аст. Директори Планетария Қосимов Муҳиддин ашк дар чашм мегӯяд, ки баъди чунин иқдоми ҳукумати шаҳру вилоят имконияти намоиши “Осмони ситоразор”-ро муваққатан аз даст додааст. Аксар нафароне, ки барои машварат ва омӯзиш ба Планетария меомаданд, маҳз ба хотири бо чашми худ дидани “Осмони ситоразор” меомаданд. Мехоҳанд дар ҷои дигар Планетарияи нав созанд. Хеле хуб созанд, аммо мардумро наметавон бо зӯрӣ ба он ҷо бурд. Дар ин ҷое, ки барои мо ҷудо карданд, умуман имконияти ба намоиш гузоштани “Осмони ситоразор” вуҷуд надорад.  Албатта, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯч бастан ба кор ва рӯҳияи инсон таъсир мерасонад. Собиқ Планетарияро ҳама медонист, дар ҷои дастрас, бо мақсади муайян бунёд шуда буд. Вале ҳоло дари моро касе намекӯбад.

Хароб кардани Планетария чӣ оқибатҳо дорад? Азбаски он марбут ба Раёсати маорифи вилоят буд, мо ба яке аз донандагони мумтози соҳаи идеология, профессор, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид муроҷиат кардем. Ӯ чунин изҳор намуд: “Ҳадафи мавҷудияти чунин як Планетария ин хурофотзудоянда будани он аст. Мактаббача, вақте ки тариқи он системаи офтобиро мушоҳида мекунад, мебинад, ки дар гирди Офтоб 8 сайёра давр мезанад, бовар ҳосил мекунад, ки замин дар болои гов, моҳӣ ё сангпушт нест ва ин ҳама асотирҳои дурӯғи динӣ ҳастанд. Ҳадафи сохтани ин марказ дар назди масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар замони шӯравӣ низ ҳамин буд. Албатта, ҷои Планетария, ки дар маркази шаҳр аст, барои сохтани хонаи истиқоматӣ барои як сарватманд муносиб мебошад. Набояд ба ин гуна амал роҳ дод, ки ба хотири хонаи истиқоматии тиҷоратӣ чунин марказро вайрон кунанд”.

Аҷаб он буд, ки ҳукумати вилоят бе мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба чунин як иқдоме, ки мардум онро носавоб медонанд, даст задааст.

Президенти АИ Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои физика Фарҳод Раҳимӣ низ дар мавқеи вазири маориф ва илм қарор дорад: “ -Ин Планетария, — мегӯяд,- ӯ дар замони шӯравӣ, барои бо дониши илмӣ фаро гирифтани мактаббачаҳо ва ҷавонон сохта шуда буд. Моҳияти бунёдаш он буд, ки мактаббачаҳо ва ҷавонон тариқи телескопҳои хурд ситоразор ва системаи сайёраҳову гардиши онҳоро бинанд ва мушоҳида кунанд, то ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмиашон рушд кунад. Албатта, вақте  тафаккури илмӣ рушд намуд, хурофотзудоянда  аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ягона марказ дар Хуҷанд аст. Ман аз он ки ба ҷои он мехоҳанд, хонаи истиқоматӣ созанд, бехабарам.  Наход барои хонаи истиқоматӣ шуда, Планетарияеро, ки дар Тоҷикистон ягона аст, вайрон кунанд. Ин ҳеҷ гоҳ мумкин нест, ҳеҷ гоҳ! Ба ҷойи ин ҳукумати Хуҷанд ва вилояти Суғдро мебояд,  онро обод намоянду азнавсозӣ кунанд. Айни ҳол мо дар Душанбе нияти сохтани чунин як марказро дорем”.

“Соли 2012 сокинони шаҳри Хуҷанд овозаи ба охир расидани дунёро шунида  ба таҳлука афтоданд, — мегӯяд директори Планетария Қосимов. — Маҳз дар ҳамон шабу рӯзҳо дар як рӯз одамон тӯда-тӯда ба Планетария меомаданд, то воқеияти табиату осмонро бубинанд. Хизмати Планетария дар ҳамон шабу рӯзҳо барои бартараф кардани ин ҳамгома калон буд. Аслан  бунёди Планетария маҳз дар наздикии масҷиди калонтарини шаҳри Хуҷанд, яъне масҷиди ҷомеи ба номи Шайх Муслиҳиддин бесабаб набуд. Аксаран ақидаҳои як андоза ғалат ва ҳатто ботили хурофотиро, ки мардум ба дин рабт медоданд, баробари аз масҷид берун шуда, ба Планетария даромадан ғайриилмӣ буданашонро собит мекарданд. Яъне, аз он сӯи девор хурофот буду аз ин сӯи девор илм”.

Посбони Планетария, марди маъюбу маъюси 65-сола Солибой Шокиров  ашк мерезад, ки пештар гулистонро посбонӣ мекарду ҳоло гӯристонро. Ӯ таассуф мехӯрад, ки барои ба Роҳбари давлат бинои Планетарияро нишон додан дар давоми як шаб чунин бинои қадимаю мустаҳкамро ба истифода аз олотҳои вазнин лахту пора кардаанд, то ба Президент нишон диҳанд, ки “Планетария вайрона” аст. Магар ба хотири як соҳибкор чунин сохтакорӣ шарт аст? — бо хитоб ба масъулин мепурсад ӯ. Шояд ин пурсиши Шокиров ҷон дорад?…

Суҳбати телефонӣ бо сарвари мактаби варзишии “Ҷашнӣ” ва сармураббии бокси вилояти Суғд Баҳром Исмоилов

Дар паҳлуи Планетария мактаби варзишии “Ҷашнӣ” қарор дорад. Он ҳам як ҷузъи таърихи ин шаҳр аст. Он дар шаҳри Хуҷанд марказест, ки беҳтарин варзишгарони ҷумҳурӣ аз вилояти Суғд пухта ба камол расидаанд. Суҳбати мо бо сарвари ин мактаб, сармураббии бокси вилояти Суғд тавассути телефон хеле кӯтоҳ буд. Ӯ изҳор намуд, ки ин ҳама гапи телефонӣ нест, ҳангоми мулоқот ҳамаашро мегӯяд. Вале ба ҳар сурат, дар ин суҳбати кӯтоҳ маълум гашт, ки мактаб моликияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аст ва дар асоси созишномаи муваққатӣ ба ихтиёри Ҳукумати шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст. Вале ҳоло чунин даврае шудааст, ки муваққатан медиҳию абадан маҳрум мегардӣ. Дар ин маврид низ шояд чунин сурат гирифтааст. Албатта, на ба ҳар пулдор дар бозори панҷшанбе ҷой пайдо кардан муяссар мегардад. Пул дошта бошию дар вилоят аз сарпарастии шахси боломақом бархӯрдор бошӣ, он гоҳ дар ҷангал шӯрбо мехӯрӣ.

Дар омади гап: Боре ба редаксияи “Тоҷикистон” шикоят ворид шуд, ки ба чойхонаи лаби дарёи Сир чашм ало доранд, партовгоҳро марди одие обод кардаасту ҳоло пуштибондорон мехоҳанд аз дасташ кашида гиранд. Аз ғурбати кашмакашҳо ҳатто як писараш гирифтори бемории рӯҳӣ шудааст. Ҳарчанд бизнеси тайёрро кашида гирифтан ба ҳукми анъана даромадааст ва яке аз сабабҳои таназзули соҳибкорӣ ҳам дар ҳамин аст, хабарнигори “Тоҷикистон“ он ҷо рафт. Аммо соҳиби чойхона ба зорӣ даромад, ки дар ин мавзуъ ягон калима нанависад. Даме ки сабаб пурсиданд, ӯ амнияти худу фарзандонашро ба миён гузошт. Баъдтар як нафари дигар  ӯро ба гӯшае бурда изҳор намудааст, ки ба чойхона ошпази раиси вилоят дастдарозӣ дорад. То кадом андоза ин асос дорад, мавзӯи дигар аст. Шояд беасос ҳам бошад. Аммо мавҷуд будани чунин гапҳо худ омили носолимист. Дар вилоят сухани як нафар ҳукми қонун дорад, он ҳам раиси вилоят. Шояд ин ҳам асос надораду аз номи вай амал мекунанд. Мо аз асрори нимкосаи зери коса ҳанӯз бехабарем. Дар охири ин мавод барои дарёфти воқеият суҳбати дирӯз бо сармуррабии бокси вилоят, сарвари мактаби варзиши “Ҷашнӣ” Исломов Баҳромро ба хонандагон пешкаш мекунем (лаҳни мусоҳиб нигоҳ дошта шудааст).

-Салом, Баҳром . Шумо хуб ҳастед.

— Раҳмат, хуб

— Мегӯянд, ки варзишгоҳи шуморо вайрон мекунанд?

— Карданд. Дарашро канданд, тирезаҳошро канданд…

— Дар кадом асос?

— Аз худашон пурсед.

— Варзишгоҳи шумо чӣ ном дошт?

— Мактаби варзишии “Ҷашнӣ”

— Дар мактаби варзишӣ чанд нафар машқ мекунад?

— Садҳо. Танҳо аз ҳисоби боксчиҳо қариб сад нафар. Се  мураббии бокс, се мураббии тенис, карате, волейбол, баскетбол, мини футбол. Инҷанда, ҳар рӯз мусобиқаҳо мешуданд. То ду — се ҳазор одам ҷамъ меомад. Ҷойи нишаст, душ, ҳоҷатхона сохтем. Дар он ҷо бисёр боксу теннис машқ мекарданд, қариб ҳамаи мусобиқаҳои шаҳрӣ шаҳрию вилоятӣ дар ҳамин ҷо баргузор мешуд. Дар он ҷо чемпионати республика мегузашт. Боксиёрҳои номӣ аз ҳамин зал баромадагӣ. Порсол шогирдҳои мо аз ҳамин зал аз чемпионати Осиё медали биринҷӣ оварданд.

— Маҳаларо серодам гуфтед. Дар он ҷо боз ҷои машқ ҳаст?

— Ин атрофанда ҷойи машқи дигар нест.

— Ба ҷои ин толор бароятон варзишгоҳи дигар месозанд?

—  Ваъда кардагӣ, худашон медонанд.

-Ҳамин вайрон кардан  кори нағз шуд ё бад?

-Мо бе ҷо мондем, магар ҳамин кори нағз аст? Аз рӯи қонун дар бораи тарбияи ҷисмонӣ бояд аввал сохта тиянд, баъд вайрон кунанд, агар халал расонидагӣ бошад. Туғрӣ — ми гапам?

Агар моликияти шахсии мо мешуд гапи дигар . Ин моликияти профсоюз. Профсоюз бояд гап занад. Вайо қати шартнома бастагӣ, ки зали нав сохта медиҳем. Поида шиштем. Дару тирезаҳош, полҳош шифироша канданд.

-То наканданд нахестед?

— Не, ҳолоям нахестам. То вайрон кардагешон намехезам. Якто памешени додагӣ под магазин ҷуъмабозорба шиштем. 18 микрораён.

— Чанд боксёр доред?

— Қариб 100 нафар. Бачаҳо ҳар ҷои беҳуда нараваду биёяд машқ кунанд, мегӯем.  Ҳама иншоот дар  соҳили рост. Ҳеҷ ҷои машқ дар атрофи Панҷшанбе нест. Гирду атрофи ин маҳалла  калон, мактаб нест. Мо Сарвари давлатамон, Пешвои миллатамонро дӯст медорем.  Мо кӯшиш мекунем барои Тоҷикистон патриот тайёр кунем, аскарӣ равад. Чемпиони ҷаҳон тайёр накунем ҳам, патриоти Тоҷикистон, фарди солим тайёр мекунем, ки Ватанашро, Пешвои миллатро дӯст дорад, содиқ бошанд, барои Ватан ҷонашонро фидо кунанд…

Ш. НИЁЗӢ,

Фарзона Муродӣ,

шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *