Давлатманди Хол дар Париж

Санаи 29-уми июни соли 2018, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж  барномаи фарҳангие таҳти унвони “Мусиқии мардуми Тоҷикистон” баргузор гардид. 

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо ширкати ҳунармандони маъруфи тоҷик Давлатманд Холов ва Шавкат Оқилов доир гардид, меҳмонон наздик ба 90 дақиқа аз ҳунарнамии ин ситораҳои санъати тоҷик баҳраманд шуданд.

Чорабиниро нахуст Шафиқ Қосимов роҳбари анҷумани тоҷикони Париж – “Равзана” ифтитоҳ бахшида, ҷаноби Ҷалолиддин Убайдуллоҳ, сафири Тоҷикистон дар Фаронса  бо забони фаронсавӣ меҳмононро хушомадед,  гуфт ва дар бораи мусиқии тоҷик сухнаронӣ намуд. Меҳмонони чорабиниро садои Давлатманд Холов, ки дар Аврупо машҳур аст ва ба ваҷд овард. Ҳунарнамоии ҷаноби Шавқат Оқилов низ, хеле ҷолиб буд ва иштирокчиёнро ба ваҷд овард. Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони тоҷикро ҳунармандони инронии муқими Париж ҳамроҳӣ карданд. Меҳмонони чорабинӣ бо эҳсосоти хуб ва табъи болида аз чорабинӣ фориғ шуданд.

Онҳо баргузории чорабиниҳои ин сатҳро барои тарғиби фарҳанги тоҷикон дар Аврупо муҳим арзёбӣ карданд.

Масъуди Миршоҳӣ,

Париж

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *