Ронандаи мӯйсафед пиёдагардро пахш карду гурехт

Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки дар маҷруҳ кардани пиёдагардзан гунаҳкор дониста мешавад.

Чуноне, санаи 25 — уми моҳи май тахминан соати 20:30 дақиқаи вақти шом ронандаи номаълум пиёдагард зани 19 — солаи сокини шаҳри Бохтар Мавлуда Гуловаро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Баъд аз гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ Мавлуда Гулова аз тарафи сокинони шаҳр ёрии аввалияи тиббиро гирифта, баъдан ба беморхонаи марказӣ оварда мешавад.
Дар натиҷаи ҷустуҷӯии кормандони БДА дар шаҳри Бохтар баъд аз як моҳ маълум шуд, ки ин ҳодиса аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху» рақами давлатиаш 2808 АК 08 сокини шаҳри Роғун Файзӣ Саъдиев содир шудааст.
Ҷасур Азимов, лейтинанти калони милитсия зимни суҳбат ба хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфт: “ пеш аз дарёфти гумонбар мо тасаввур мекардем, ки гунаҳкори ин ҳодиса ягон ҷавони аз 18 то 30 мебошад. Аммо дар натиҷа маълум шуд, ки гунаҳори ин ҳодиса мӯйсафеди 75- сола будааст”.
Нисбати истиқматкунандаи шаҳраки Роғуни ноҳияи Роҳун Саъдиев Файзии 75 сола парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *