Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Нассика мулоқот кард
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Екатерини Нассика мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия, дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, миёни тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Юнон иброз намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ