Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шуд

Имрӯз, 2-юми август Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси вилояти Хатлон Сафири Тоҷикистон дар Русия таъин гардид.  Ӯ дар ин мақом Имомуддин Сатториро иваз кард.

Дар Фармони Президенти Тоҷикистон барканории Имомуддин Сатторӣ «гузаштан ба вазифаи дигар» унвон шудааст.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст.

Ихсиосҳояш — муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод буда забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Гулмаҳмадзода узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон мебошад. Соли 2006 бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Собиқаи корӣ
Солҳои 1978-1980 коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара.

Солҳои 1980-1982 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Русия.

Солҳои 1982-1987 донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд.

Солҳои 1987-1989 сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод.

Солҳои 1989-1993 раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара.

Солҳои 1993-1995 раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон.

Солҳои 1995-2000 муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2000-2001 раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2006-2008 директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2010 муовини раиси вилояти Суғд.

Солҳои 2010-2013 раиси шаҳри Турсунзода.

Солҳои 2013-2019 раиси вилояти Хатлон.

Чанд соли охир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *