Давлатзода Сайфиддин: ман шиква карданӣ нестам, аммо…

Дар мавсими даъвати баҳорӣ наздики 700 донишҷӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Онҳо баъди хатми донишгоҳ ихтиёрӣ ба хизмати ватан рафтаанд.

Дар ин бора имрӯз, 2-юми августи соли 2023 Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти матбуотӣ зикр кард. Ӯ афзуд, ки “ман шиква карданӣ нестам. Вале ҳанӯз масъулини мақомоти маҳаллӣ, комиссариат ва мизҳои ҳарбӣ монеа эҷод мекунанд”.

— Дар ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бача дохил шудааст. Мизи ҳарбӣ мегӯяд, ки ту аввал хизмат мекунӣ. Ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи донишҷӯӣ аст. Ин хел рафтор бо мо ҳеҷ вақт созанда буда наметавонад. Агар ҳамин хел тарзи кор аст, муносибати ана ҳамин гуна ашхос бо волидайн, бо донишҷӯ, бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ куллан вайрон мешавад,- таъкид кард ӯ.

Давлатзода Сайфиддин афзуд, ки “мо дар ҳимояи ҳуқуқи донишҷӯён манфиатдорем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *