Тоҷикистонро боз чангу ғубор фаро мегирад

Аз 4 то 6-уми август дар Тоҷикистон ҳавои пурчангу ғубор дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, ин рӯзҳо дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ворид шудани омилҳои метеорологӣ — чангу хок аз самти ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ сабаби олудагии ҳаво мешавад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо бештар оби тоза бояд нӯшид. Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доштан ба манфиат аст. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд кард.

Барои онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва дилу фишорбаландӣ мебошанд, истифода аз доруҳо ва дар сурати зарурат муроҷиат ба духтур ҳатмӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *