кресло

Кӯлоб: Тамаъҷӯйӣ барои ҷойи кор

Дар нишасти матбуотии мудири шуъбаи тандурустии минтақаи Кӯлоб Шарофиддин Рустамов рўзноманигорон аз он изҳори ташвиш карданд, ки дар аксар муассисаҳои тандурустӣ ҳолатҳои тамаъҷўйӣ, ришвахорӣ барои таъмини ҷои кор ба мушоҳида мерасад.

Ҳолати хизматрасонии тандурустӣ, тозагию озодагӣ, нархномаҳои ҳангуфти дорухонаҳо, пастсифатии доруҳо аз мадди назари маркази санитарию эпидемиологӣ, хадамоти назорати давлатии тандурустию ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кўлоб дур мондаанд. Ба таваҷҷуҳи мудири шуъбаи тандурустии минтақа Ш. Рустамов расонида шуд, ки як амали номатлубе дар муассисаҳои тандурустӣ, махсусан шаҳри Кўлоб, ба ҳукми анъана даромадааст. Бародарону хоҳарони калони шафқат коркунони миёнаи тиббиро зери таҳвину таҳқир, фишору таъқиб қарор дода, онҳоро барои аз кор рафтан маҷбур мекунанд. Сипас ба ивази маблағ кормандони навро ба кор қабул менамоянд. Ё ин ки баъзе шуъбаҳои таваллудхонаҳои шаҳру навоҳӣ занони ҳомиладорро қабул накарда, онҳоро ба таваллудхонаи шаҳри Кўлоб мефиристанд.

Шояд ин масъалаҳо зери назорати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор гиранд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *