Даъвои Бозор Собир ва посухи раисони «Истиқбол» ва Кумитаи Телевизион ва радио
Тавре ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иттилоъ гирифт, шоири тоҷик Бозор Собир барои рӯёнидани ҳаққи қалами 20-солааш ибтидо ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунад. Ва баъдар бо тавсияи шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифи ин вазорат ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳаққи қаламашро аз бархе чопхонаҳо, Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асарҳои ӯро гӯё бидуни мувофиқа бо ӯ интишор кардаанд, талаб кардааст.
Аз шуъбаи захираҳои зеҳнии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҳоли ҳозир санҷиш бар асоси аризаи шоир идома дорад ва бо пурра мушаххас шудани номи бархе нашриёт ва муассисаҳо, ҳаққи қалами шоир ситонида хоҳад шуд.
Мансур Раҷабов, намояндаи шуъбаи захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ ба изҳор дошт, ки Бозор Собир даъво дорад, ки бе мувофиқа бо ӯ шеърҳояшро ба шакли китоб нашр карда, вале ҳаққи қаламашро напардохтаанд. Мавсуф зикр намудааст, ки “Дар аризаи Бозор Собир номи нашриёти “Истиқбол”, “Шуҷоъ” ва нашриётҳои алоҳида зикр шудааст, ҳоло мо мушаххас карда истодаем, ки ин нашриётҳои алоҳида кадом ҳастанд ва дар чӣ шароит китоби шоирро ба чоп расонидаанд. Ман дирӯз бо Бозор Собир суҳбат доштам, ҳоло санҷиш дар нашриёти “Истиқбол”, ки ба Латофат Кенҷаева мансуб аст, идома дорад”.
Зимнан Бозор Собир изҳор намудааст, ки ба шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи муаллифи Вазорати фарҳанг рафта, аризаамро пешниҳод кардаааст. « Онҳо гуфтанд, ки мо дар ин масъала кумак мекунем ва хоҳиш карданд, ки ба шуъбаи ҳифзи захираҳои зеҳнии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунад. Онҳо ҳоло ба ҳамин масъала машғуланд, гуфтааст шоир ва 20 сол мешавад, ки аз осори ман истифода кардаанд, вале бо ман машварат нашудааст», — мегӯяд Бозор Собир.
Ёдовар мешавем, ки маъруфтарин сурудҳое, ки дар репертуари ансамблҳои тобеи Кумита ҳастанд, намунаҳои ашъори ӯ — «Аз хуни Сиёвушем», «Забони модарӣ», «Зулфата боло задам», «Девори Бухоро», «Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд» суруда мешавад.
Латофат Кенҷаева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол”
Латофат Кенҷаева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол”, ки ӯ ҳам дар қатори гӯё қарздорони Бозор Собир номбар мешавад, мегӯяд, ки мувофиқи оинномаи ташкилоташ маваззаф нест, ки ба шоир ҳаққи қалам пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфти хонум Кенҷаева ӯ аллакай ҳаққи қалами шоирро бо китоб пардохт кардааст.
— Ташкилоти мо ягона ташкилоти ҷамъиятии байналмилллист, ки ба чопи асарҳои кӯдакона машғул аст ва тиҷоратӣ нест. Мо 20 сол боз ба табъу нашри асарҳои кӯдакона машғул будему ҳастем, тариқи кредитҳои бонкӣ фаъолият мебарем ва ба муаллифон ҳаққи қалам пардохт намекунем. Ташкилоти мо хайриявист. Мо китобҳоро бо нархи аслӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ тақсим мекунем ва дар мағозаҳо намефурӯшем. Соли 2007 шоир Сайёди Ғаффор ба ман муроҷиат кард, ки як китоби кӯдаконаи Бозор Собирро, ки аз ҷониби писараш – Манучеҳр рассомӣ ҳам шудааст, чоп кунем. Он сол нақшаи солонаи мо аллакай тасдиқ шуда буд ва бо розигии Сайёд мо китоби ӯро аз нақша боздошта, ба ҷояш “Бист шеърак барои Ардашерак”-и Бозор Собир ва писараш Ромишро таҳти унвони “Кӣ аз ҳама зӯр?” бо теъдоди 5000 нусхагӣ чоп кардем. Ман бо ҳамсари Бозор пешакӣ гуфтугӯ кардам, ки мо ҳаққи қалам намедиҳем ва ба ҷойи ҳаққи қалам ӯ 50 адад китоб додам. Он кас китобҳоро гирифта, хурсанд шуда рафтанд, аммо охири моҳ боз ба ман муроҷиат карданд, ки ҳаққи қалами Манучеҳр – писарашон ва рассоми китобро диҳем. Ман дар ҳайрат мондам, зеро мо аллакай маслиҳат карда будем, ки бар ивази ҳаққи қалам ӯ китоб мегирад. Бо вуҷуди ин ман ҳаққи қалами ӯро баробари рассомҳои худамон додам. Баъди чанде ӯ боз муроҷиат карда, ҳаққи қалами Бозор Собирро пурсид, ман суҳбати қаблиро ба ӯ ёдовар шудам. Баъди ин онҳо ба Прокуратура муроҷиат карданд ва қарор шуд, ки ман 2800 сомонӣ ҳаққи қалам диҳам ва се моҳ муҳлат доданд. Дар сурати то се моҳ наомадани Бозор Собир ман ҳуқуқи надодани маблағро доштам. Адвокати Бозор Собир, номаш Ҳамза, насабашро фаромӯш кардам, омад, ки маблағро гирад. Ман аз ӯ бовархат (доверенность) пурсидам, ӯ бовархат надошт ва ман маблағро надодам. Се моҳ гузашту ман ҳисобро маҳкам кардам. Чанд сол сипарӣ шуду Бозор Собир ботантана ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзе Низом Қосим, он вақт депутати парлумон буд, гуфт, ки устод ба ивази ҳаққи қалам китоб мепурсанд. Ман дар ҳайрат мондам, зеро мо дигар қарздор набудем ва ба эҳтироми устод боз аз хазина 200 нусхаи дигари китобро ба мошини Низом Қосим бор карда фиристодам. Яъне, дар умум ман ба Бозор Собир 270 китоб додам, ки аз 2800 сомонӣ — пули муайянкардаи Прокуратура ҳам зиёд мешавад. Ин дар ҳолест, ки зиёда аз сад шоиру нависанда ба хотири маънавиёти кӯдакони Ватан, аз ҳаққи қалам даст кашиданд. Китоби Бозор Собир, ки мо нашр кардем, 10 саҳифа аст. Магар намешавад, ки шоири миллат шуда, барои набераат ва кӯдакони миллат 10 саҳифа китобро ки 4 мисраъгӣ шеър дорад, хайр кунӣ, – мегӯяд Латофат Кенҷаева.
— Солҳое, ки Бозор Собир берун аз Ватан буду ягон нашрия ва нашриёт ҷуръат карда, асарҳояшро нашр намекард, ман дар маҷаллаи «Истиқбол» се маротиба шеърҳояшро чоп кардам, дар нашриёти «Истиқбол» китобашро нашр намудам, аммо имрӯз ӯ маро ба мақомот медиҳад”- бо тааҷуб меафзояд хонум Латофат.
Маҳмадсаид Пирзода — раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадсаид Пирзода — раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба даъвои Бозор Собир гуфт, ки ҳар як муаллиф ҳуқуқи даъво ва гирифтани ҳаққулзаҳматро дорад, аммо ин замоне имконпазир аст, ки ӯ бо муассиса ё шахси алоҳида қарордод дошта бошад.
Ӯ изҳор намуд, ки Кумитаи телевизион ва радио дар тарғиби эҷодиёти Бозор Собир нақши бузург дорад.
-Ман дар ҳайратам, ки, — мегӯяд ӯ,- чаро шоир ин ҳама сол хомӯш буду акнун даъвои малағ мекунад? Шояд ӯро ашхосе дур аз воқеият ба ин водор сохтанд. Метавонам номи баъзеи онҳоро гӯям, аммо худдорӣ менамоям. Бозор Собир бо Кумитаи телевизион ва радио шартномае дар хусуси барномае, ки муаллиф бошад, надорад, ки Кумита ба ӯ ҳаққи қалам диҳад. Вале агар дар чорабиниҳои ҳукуматӣ аз ашъори Бозор Собир истифода шуда бошад, бояд мутасаддиёни чорабиниҳо ҳаққи қаламашро пардохт намоянд, зеро аз ҷониби давлат ба чорабиниҳо мувофиқи смета маблағ ҷудо мешавад. Кумитаи телевизион ва радио ба давлат тааллуқ дорад, ташкилоти тиҷоратӣ нест ва вазифадор аст, ки барномаву чорабинии давлатиро намоиш диҳад. Аммо маблағи иштирокчиён ва муаллифон бори дигар мегӯям, аз ҷониби мутасаддиёни чорабиниҳо пардохт мешавад”.
Ин амали Бозор Собирро ашхоси гуногун ба тарзи худ шарҳ медиҳанд. Иддае бар ин ақида ҳастанд, ки муддати зиёдест атрофи ӯ баҳсу мунозираҳо хомӯш гаштаанд. Азбаски шоир тӯли солҳои охир дар ҷаҳони пурмоҷарои Амрико устухон сахт кардааст, новобаста ба сиёҳу сафед будани пиар даст ба чунин иқдом задааст. Назари дигар низ вуҷуд дорад. Ҷонибдорони он ба ин ақида ҳастанд, ки агар мо давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бошем, чаро Бозор Собир наметавонад аз ҳуқуқҳои муаллифии худ истифода намояд ва ҳаққи қаламашро гирад? Ин ибтидои драмаест, ки идома ва анҷоми онро мунтазир хоҳем шуд.
Одили Нозир,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ