Кӯлобидухтарро дар Қӯрғонтеппа 27 корд заданд

 Қотилони Аҳдияро чӣ интизор аст?

 Аз овоза то ҳақиқат

Хабари куштори духтари 20- сола дар шаҳри Қӯрғонтеппа барқсон паҳн гашта, сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Яке мегуфт, ки духтаракро дастаҷамъона таҷовуз карда, баъдан ба қатл расонидаанд, дигарӣ иддао менамуд, ки мақсади қотилон гирифтани узвҳои дарунӣ бо мақсади фурӯши минбаъда будааст, сеюмӣ бошад, ҳадс мезад, ки духтарро бо гуноҳи худаш ба қатл расонидаанд, чунки чандин ҷавонмардро ба қавле “подставит” карда зиндонӣ намудааст….

Барои то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаҳоро фаҳмидан мо ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намудем.

Духтари кӯлобӣ дар Қӯрғонтеппа чӣ меҷуст?

Хостем мисли ҳамеша бо оилаи ҷабрдида рӯ ба рӯ суҳбат намуда, сабабҳои сар задани ин фоҷиаро ҷӯё шавем, вале маълум шуд, ки духтараки кушташуда Аҳдия Қурбонова зода ва сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Шоҳин будааст. Аҳдия чанде пеш ба Қурғонтеппа омада, дар ин шаҳр муваққатан зиндагӣ мекардааст. Марҳум ҷойи кори аниқ надоштааст, аз ҳамин сабаб мо ба саволи он ки духтараки кӯлобиро чӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа овардааст, ҷавоб ёфта натавонистем.

Доми фиреб

Давлатшоҳ ва Самариддин бо мақсади дилхушӣ роҳ ҷониби тарабхонаи “Рамз” пеш гирифтанд. Ногуфта намонад, ки тарабхонаи рамз дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа қомат афрохтааст. Дар ҳамин макони фароғат онҳо бо Аҳдия вохӯрданд. Суҳбаташон тасфиду ҷавонон домони духтарро бо чормағзи пуч пур карда, ӯро ба хонаашон бурданд, то базмашонро дар он ҷо идома диҳанд. Аҳдия бехабар аз мақсади нопоки ҷавонон ба ваъдаҳои болохонадори Давлатшоҳу Самариддин бовар карда, ҳамроҳашон рафт, вале…

Хона гуфтанду ба вайрона бурдандМирватов Давлатшоҳ Муҳаммадҷонович, санаи таваллудаш 24-уми октябри соли 1994 ва Ахмедов Самариддин, санаи таваллудаш 16–уми августи соли 1995 Аҳдия Қурбоноваро бо ваъдаи он ки базмро дар хона давом медиҳанд, аз назди тарабхонаи “Рамз”-и Қӯрғонтеппа бо мошини кироӣ (такси) мешинонанд, вале ба ҷойи дигар мебаранд. Вақте ки мошин дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Гулзор қарор мегирад ва ҷавонон духтарро ба бинои сохтмонаш нотамом бурдан мехоҳанд, Аҳдия норозигӣ баён намуда, хоҳиш мекунад, ки ӯро аз куҷое, ки гирифтанд, ба ҳамон ҷо бурда монанд. Ҷавонон ба ғазаб омада ӯро зери мушту лагад мегиранд. Давлатшоҳ бо зарби мушт рӯйи духтарро сиёҳу кабуд месозад, Самариддин бошад, Аҳдияро чунон шаттакорӣ мекунад, ки тамоми аъзои баданаш варам мекунад ва лабаш медарад.

Куштани Аҳдия идеяи кӣ буд?

Бад шудани ҳолати духтарро дида Самариддин ба ҷӯрааш мегӯяд, ки биё ӯро ба ҳоли худаш гузорем, вале Давлатшоҳ розӣ нашуда мегӯяд: “Мо ӯро зада маъюб кардем, агар шикоят кунад, ҳардуямонро суд мекунанд. Беҳтараш ӯро кушта, ҷасадашро несту нобуд мекунем…”

Ҳамин тавр ба хотири гурехтан аз ҷазо Давлатшоҳи гумроҳу золим Аҳдияро 24 корд мезанад, гардан, пушт ва қафаси синаашро ба қавле ғалбер месозад. Дар натиҷаи ин зарбаҳои ҷонкоҳ духтарак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ин дунёи дунро падруд мегӯяд.

Мурдаро ба чоҳ партофтанӣ буданд

Аҳдияи 23-соларо ба қатл расонида, Давлатшоҳу Самариддин дар фикри чӣ тавр нест кардани ҷасад меафтанд ва ҷисми ба хун оғуштаи Аҳдияро панҷ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дар байни хасу хошок пинҳон карда, ба тарабхонаи «Аспи сафед» мераванд. Дар он ҷо онҳо бо Маҳмудов Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1993,  сокини ноҳияи  Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, донишҷӯйи ДМТ ба номи Носири Хисрави шаҳри Қӯрғонтеппа ва Мусо Талбаков, санаи таваллудаш 2-юми феврали соли 1996, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи  Лочинов, хонаи 4, донишҷӯйи курси 2- и коллеҷи иҷтимоии шаҳри Душанбе во хӯрда, барои несту нобуд кардани ҷасад онҳоро ҷалб карданӣ мешаванд. Ҷавонон маслиҳат мекунанд, ки ҷасадро ба чоҳ (калодец) партофта, аз ҷавобгарӣ гурехтан мумкин аст ва бо ҳамин мақсад аз дорухона дастпӯшак харида дубора ба ҳамон ҷое мераванд, ки мурдаи Аҳдияи фиребхӯрдаро пинҳон карда буданд. Самариддин аз дур дар ҷое, ки ҷасадро пинҳон карда буданд, мошинеро дида, ба ҳамроҳонаш тавсия медиҳад, ки ин корро ба рӯзи дигар гузоранд, вале…

“Бозёфт”-и даҳшатангез

 

Рӯзи 3-юми сентябр, тахминан соатҳои 16 кӯдакони гирду атроф бо мақсади санҷидчинӣ ба ҳамон ҷое рафтанд, ки Давлатшоҳу Самариддин ҷасади Аҳдияи ғуррамаргро пинҳон карда буданд. Ба шохи дарахт баромаданӣ шуда, тасодуфан чашми бачаҳо ба мурдаи духтараки ҷавон меафтад ва дарҳол аз бозёфти хунинашон ба милиса хабар медиҳанд.

Қотилонро чӣ интизор аст?

Дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби мақомот гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуда, шахсияти ҷасад аз изи ангуштонаш муайян карда шуд ва дере нагузашта гумонбаршудагон Давлатшоҳ Мирватов, Самариддин Ахмедов ба даст афтиданд. Нисбати ду нафари дигар барои ошкор накардани асрори ин куштори даҳшатангез парвандаи ҷиноятӣ боз гашта, тафтишот идома дорад. Акнун Давлатшоҳ Мирватов ва Самариддин Ахмедов барои кирдори ваҳшиёнаи содиркардаашон мувофиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ дар назди қонун ҷавоб гуфта, солҳои беҳтарини умрашонро дар паси панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳанд кард.

Маҳинаи Давлат

Душанбе-Қурғонтеппа-Душанбе 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *